Дар Душанбе Барномаи миёнамуҳлати давлатии ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода рӯнамоӣ карда шуд

Март 1, 2023 18:43

ДУШАНБЕ, 01.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 28 феврал дар шаҳри Душанбе ҷаласаи муштараки Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳо ва Гурӯҳи вокуниши фаврии арзёбӣ ва ҳамоҳангсозии амалҳо дар ҳолатҳои фавқулода (Гурӯҳи РЕАКТ) баргузор шуд, ки дар он Барномаи миёнамуҳлати давлатии ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода барои солҳои 2023-2028 ва Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2023-2025 рӯнамоӣ карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон хабар медиҳад. 

Дар кори ҷаласа роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳо, ҳамчунин созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон, ки ҳамчун нозирони Платформаи миллӣ сабт шудаанд, иштирок намуданд.

Роҳбарияти  Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар бораи ҳолатҳои фавқулодаи соли 2022 ва аввали соли 2023 дар қаламрави ҷумҳурӣ рухдода, ҳамчунин фаъолияти наҷотдиҳандагон дар Ҷумҳурии Туркия маълумот дод. Ҳамчунин миқдори кумакҳои расонидаи Ҳукумати мамлакат ба аҳолии зарардида ва нақши ҳамоҳангсозии Кумита бо далелҳо ба таваҷҷуҳи иштироккунандагони ҷаласа расонида шуд.

Дар анҷоми ҷаласа байни аъзо ва иштирокдорони Платформаи миллӣ оид ба истифодаи самараноки маблағҳои аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудогардида ҷиҳати коҳиши хатари офатҳои табиӣ табодули афкор сурат гирифт.

Бояд гуфт, ки Платформаи миллии коҳиши хатари офатҳои табиӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2012 қабул карда шудааст.

 АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ

Март 1, 2023 18:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар пиряхи Тоҷикистон экспедитсияи байналмилалӣ оид ба навсозии стансияи баландкӯҳи Горбунов гузаронида шуд
МАҚОМИ ЗАН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ. Давоми сеюним даҳсола мавқеъ ва мақоми зан дар ҷомеа ба куллӣ тағйир ёфт
Дар назди Коллеҷи муҳандисӣ-техникии ноҳияи Нуробод бинои нави таълимӣ ва хобгоҳ сохта мешавад
Дар Суғд масъалаи риояи талаботи санитарию эпидемиологӣ дар муассисаҳои хизматрасонӣ баррасӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Тоҷикобод хати нави оби нӯшокӣ ва иншооти иҷтимоӣ мавриди истифода қарор гирифтанд
Дар Тоҷикистон 73 фоизи кормандони соҳаи маориф ва 72 фоизи кормандони тандурустиро занон ташкил медиҳанд
Ҳангоми зиёд шудани чангу ғубор барои ҳифзи саломатӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намоед
Экспедитсияи илмии олимону мутахассисони Ҳиндустон дар Тоҷикистон оғоз гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Тоҷикистон 182 деҳаи нав таъсис дода шуд
Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
ПЕШВОИ САОДАТОФАР ВА МИЛЛАТИ САОДАТМАНД. Мулоҳизаҳо оид ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон шумораи нафақагирон 53 фоиз зиёд шудааст