Дар Тоҷикистон ҷаласаи сарони бюроҳои марказии миллии интерполҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 28.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 29-30 март дар шаҳри Душанбе ҷаласаи сарони бюроҳои марказии миллии интерполҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҷаласаи мазкур таҳти роҳбарии Директор оид ба ҳамкории глобалии Котиботи генералии Интерпол Абдулазиз Убайдулло бо иштироки роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони зиёда аз 16 давлати ҷаҳон доир мешавад.
Дар ҷаласа масъалаҳои рушду инкишоф додани ҳамкории мутақобилан судманд дар доираи Ташкилоти байналмилалии «Интерпол», амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ, густариши минбаъдаи муносибат дар соҳаи мубориза бо терроризм, таҳдиду хатарҳои замони муосир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.
АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Прокурори ҳарбии гарнизони Суғд: «Нақши Ваҳдати миллӣ дар рушди Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ беназир аст»
Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад
Дар Душанбе корхонаи ғайриқонунии истеҳсоли доруворӣ ошкор гардид
Натиҷаҳои даъвати шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҷамъбаст гардиданд
ФАРЗАНДОНИ ХУДРО БЕНАЗОРАТ НАГУЗОРЕД! Ҳангоми шиноварӣ қоидаҳои бехатариро бояд риоя намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи вазирони корҳои дохилии давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Тоҷикистон ва Эрон ҳамкориро дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ тақвият мебахшанд
Эмомалӣ Собирзода дар ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок кард
РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ НАЗОРАТИ МАВОДИ НАШЪАОВАР. Ба ин муносибат ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид
Таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар рушди Қувваҳои Мусаллаҳ» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-ҳарбӣ доир шуд
Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон: «Таътили тобистона бояд ба давраи тарбия, донишандӯзӣ ва истироҳати солим табдил ёбад»
Юсуф Раҳмон дар Форуми байналмилалии амният ва Вохӯрии байналмилалии намояндагони воломақом иштирок намуд






