ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ховалинг зиёда аз 11 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
ХОВАЛИНГ, 29.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Ховалинг зиёда аз 11 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода.
Агар дар ноҳияҳои водӣ маъракаи ниҳолшинонӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта бошад, дар ноҳияҳои кӯҳистон рӯз ба рӯз вусъати тоза пайдо мекунад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг бо эълон намудани ҳашари ноҳиявӣ дар рӯзҳои истироҳат тамоми сокинони ноҳияро ба ниҳолшинонӣ ҷалб намуд. Дар ин рӯзҳо бо дастрас намудани ниҳолҳои ороишию сояафкан дар кӯчаҳои марказии ноҳия ба шинонидани ниҳол шуруъ карданд.
Тавре ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг иттилоъ доданд, иқлими ноҳияи Ховалинг барои шинонидан ва сабзонидани ниҳол хеле мусоид мебошад ва бо тавсияи мутахассисон ниҳолҳои ба шароити иқлими минтақа мутобиқ шинонида мешаванд. Дар вақти шинонидани ниҳол ба бехи он нуриҳои органикӣ ва нуриҳои минералӣ ҳамроҳ мекунанд, ки ба сабзиши он кумак мерасонад. Ҳамзамон бехи гулу буттаҳо ва дарахтонро нарм карда, заминро барои шинонидани гулҳои мавсимӣ омода кардаанд. Дар назди ташкилоту корхона ва беморхонаю марказҳои саломатӣ ниҳолҳои ороишӣ шинонида шудаанд.
Тибқи иттилои бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия, дар мавсими имсола мувофиқи нақша бояд 20 ҳазор бех ниҳоли ороишию сояафкан шинонида шавад. То имрӯз дар ноҳия зиёда аз 11 ҳазор бех ниҳол шинонида шудааст.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд






