«ЭРУДИТҲОИ САЙЁРА-2023». 2 хонандаи Тоҷикистон дар олимпиадаи байналмилалӣ соҳиби ҷойи сеюм шуд
ДУШАНБЕ, 28.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзҳои таътили баҳорӣ-аз 21 то 24 март 10 хонандаи Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия барои баланд бардоштани Парчами давлатии Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалии «Эрудитҳои сайёра-2023» донишозмоӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода иттилоъ дод.
Дар олимпиада ду нафар хонандаи синфи 2-и Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе- Абубакр Қосимзода ва Маҳлиё Худоёрзода соҳиби ҷойи сеюм гардид.
Ҳамзамон 8 нафар: Зафар Сафарзода — хонандаи синфи 11, Дилноза Давлатзода — хонандаи синфи 8, Шуҳрат Давлатзода — хонандаи синфи 6, Билол Қосимов — хонандаи синфи 6, Умеда Мастибекова — хонандаи синфи 3, Абдураҳим Исохонов — хонандаи синфи 3, Ҳоким Яқубов — хонандаи синфи 3 ва Сумая Нуриддинзода — хонандаи синфи 2 дар олимпиада иштироки фаъолона намуда, аз ҷониби Кумитаи тадорукот бо ифтихорнома ва медалҳо сарфароз гардонида шуд.
Ба дастаи Гимназия барои иштироки фаъолона Ҷом супорида шуда, роҳбарияти ин муасисаи таълимӣ ва омӯзгори роҳбалад бо сипоснома қадрдонӣ гардид.
АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе








Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд






