ФУТБОЛ. Маросими қуръакашии тақвими бозиҳои чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи якум баргузор гардид

Март 22, 2023 13:10

ДУШАНБЕ, 22.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 20 март дар шаҳри Душанбе маросими қуръакашии тақвими бозиҳои чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи якум оид ба футбол баргузор шуд, хабар медиҳад  АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дар мавсими нави лигаи якуми Тоҷикистон, ки дар ду марҳила баргузор мешавад, 13 даста – «Душанбе» (Душанбе), «Барқчӣ», «Шодмон» (ҳарду аз Ҳисор), «Истаравшан» (Истаравшан), «Равшан» (Зафаробод), «Гулистон» (Гулистон), «Исфара» (Исфара), «Парвоз» (Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд), «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ), «Саройкамар» (Панҷ), «Ҳулбук» (Восеъ), «Сарҳадчӣ» (Ҳамадонӣ) ва «Моҳир» (Ёвон)  бозӣ мекунанд.

Мувофиқи рақамҳое, ки дастаҳо ҳангоми қуръакашӣ гирифтанд, тақвими чемпионат тартиб дода мешавад.

Тибқи низоми Бергер дар даври аввали лигаи якуми Тоҷикистон-2023 бозиҳо ба ин тартиб сурат мегиранд:  

«Истаравшан» (Истаравшан) – «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

«Душанбе» (Душанбе) – «Исфара» (Исфара)

«Шодмон» (Ҳисор) – «Моҳир» (Ёвон)

«Парвоз» (Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд) – «Саройкамар» (Панҷ)

«Хулбук» (Восеъ) – «Баркчӣ» (Ҳисор)

«Равшан» (Зафаробод) – «Сарҳадчӣ» (Ҳамадонӣ)

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи якум дар мавсими соли 2023 21 апрел оғоз мешавад. Дар чемпионат ҳар як даста 24 вохӯригӣ мегузаронад.

Бар асоси низомнома ду тими беҳтарини лигаи якум ҳаққи ширкат дар лигаи олии Тоҷикистон-2024-ро пайдо мекунад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Март 22, 2023 13:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад