Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов мулоқот намуданд

Март 3, 2023 10:10

ДУШАНБЕ, 03.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 3 март дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов, ки дар доираи сафари Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия муҳтарам Михаил Мишустин дар Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, мулоқот карданд.

Зимни суҳбат Сарвари давлати мо аҳамияти рушди минбаъдаи самарабахши муносибатҳои байниминтақавӣ ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи шарикии стратегии Тоҷикистон ва Русияро таъкид намуданд.

Тазаккур дода шуд, ки ҳамкорӣ дар сатҳи минтақаҳо самти муҳими доираи васеи муносибатҳои Тоҷикистон ва Русия, аз ҷумла ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва омили ғанӣ гардонидани онҳо бо мазмуни нави амалӣ мебошад.

Дар ин замина ба густариши минбаъдаи фаъоли муносибатҳо бо Ҷумҳурии Тотористон ҳамчун яке аз минтақаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ пешқадами Федератсияи Русия изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.

Тақвият ва густариш додани робитаҳои бевоситаи иқтисодии субъектҳои хоҷагидорӣ ва доираҳои соҳибкорӣ дар бахши воқеии иқтисодиёт вазифаи мубрам дониста шуд.

Соҳаҳои гуногуни саноат, аз ҷумла саноати кӯҳӣ ва металлургӣ, нафту газ, кимиё, сабук ва хӯрокворӣ, дорусозӣ, сохтмон, бахшҳои энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия, кишоварзӣ ва сайёҳӣ аз самтҳои ояндадори ҳамкорӣ номида шуданд.

Ҷонибҳо оид ба имкону иқтидори бузурги афзоиши гардиши мутақобила, ҳамчунин татбиқи муштараки лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар ин самтҳо табодули андеша карданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо алоқамандии тарафайнро ба густариши минбаъдаи робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои маориф, илм ва тандурустӣ таъкид намуданд.

Пешвои миллат изҳори итминон карданд, ки натиҷаҳои сафари Роҳбари Ҷумҳурии Тотористон ба Тоҷикистон ҳамкориро дар чаҳорчӯби шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистон ва Русия таҳким мебахшад.

Мулоқот бо Роҳбари Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов 03.03.2023

Март 3, 2023 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рашт ба анҷом расид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии идона ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни 35–солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар варзишгоҳи ноҳияи Рашт
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз боғи интенсивии Пайванди Рашт дидан намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи фаръии истеҳсоли шарбати Саноати хӯроквории минтақаи Раштро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 15 иншоотро ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Сангвор, Лахш ва Тоҷикобод ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқатро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Рашт ташриф оварданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар барномаи фарҳангӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи расмии Варзишгоҳи миллӣ ва барномаи театрикунонидашуда ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Идомаи табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Идомаи табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон