Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаҳои солонаи Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор иштирок намуд

Апрель 18, 2023 14:48

ДУШАНБЕ, 18.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз 10 то 16 апрел ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода дар ҷаласаҳои солонаи Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор, ки зери унвони «Бозсозии инкишоф» дар шаҳри Вашингтони ИМА баргузор гардид, иштирок намуд.​ Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҳошияи ҷаласаҳои солона аъзои ҳайат дар якчанд чорабинии сатҳи баланд, аз ҷумла «Форуми амал барои об», ҳамоиш дар мавзуъҳои «Механизми нави маблағгузорӣ дар шароити рух додани офатҳои табиӣ», «Рушди бозори неруи барқ дар минтақаи Осиёи Марказӣ» ва форуми «Амнияти озуқаворӣ» иштирок карда, сухан гуфтанд.

Дар ин замина ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарияти Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор, аз ҷумла бо Президенти навтаъйини Бонки ҷаҳонӣ Аҷая Банга, ноиби​ навтаъйини Президент оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Антонелла Басани, ноиби Президент оид ба амалиёти молиявӣ ва ҳамкорӣ бо донорон Акихиро Нишио, ноиби роҳбари Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ хонум Хела Шейх Рухоу, ноиби директор-тақсимкунандаи Хазинаи байналмилалии асъор Бо Лӣ ва дигар шахсони масъул вохӯрӣ намуд.

Инчунин бо ташаббуси Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИМА ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аъзои Палатаи соҳибкорони Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд, ки зимни он имконоти иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузории ҷонибҳо муаррифӣ ва баррасӣ шуд.

АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 18, 2023 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид