ИФТИХОР АЗ ПОЙТАХТИ ТОҶИКИСТОН МЕКУНЕМ! Дар Душанбе роҳпаймоии осоиштаи ҷашнии Донишгоҳи миллӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 15.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе, ки ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил карда мешавад, 14 апрел дар ҳудуди Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун рамзи ифтихор аз пойтахти гулбадомони мамлакат роҳпаймоии осоиштаи ҳайати бисёрҳазорнафараи донишгоҳ доир гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар донишгоҳи мазкур.
Дар роҳпаймоӣ ҳайати бисёрҳазорнафараи донишгоҳ, аз ҷумла роҳбарияти донишгоҳ, устодони унвондор, собиқадорон, кормандон, донишҷӯёни гирандаи Стипендияи Президентӣ, ғолибону иштирокчиёни озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Илм – фурӯғи маърифат», гурӯҳи ҷавонон – донишҷӯёни «Пайравони Пешвои миллат», бахши ҷавонону духтарон, устодони кафедраи ҳарбӣ, кормандони шуъбаи бехатарӣ, омӯзгорону муҳассилини самти тиббию фарматсевтӣ, варзишгарон ва омӯзгорону хонандагони Литсейи донишгоҳ иштирок намуданд.
Роҳпаймоӣ бо ташаббуси ташвиқотии роҳбарияти донишгоҳ доир шуда, баргузории он тарғибгари иқдомҳои наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз қабили ташаббусҳои сатҳи байналмилалӣ дар масъалаи обу иқлим ва тадбирҳои ба шаҳри муосиру пешрафта табдил додани шаҳри Душанбе-пойтахти Тоҷикистон мебошад.
Баъд аз роҳпаймоии осоишта барномаи тараннумгари зебоию ободии шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Ректори донишгоҳ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода ҳайати устодон, ва кормандону донишҷӯёни донишгоҳро ба муносибати Рӯзи пойтахт самимона табрик гуфта, изҳор намуданд, ки шаҳри Душанбе ифтихори тоҷикони дунё буда, дар заминаи ибтикороти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ рӯз то рӯз ободу зеботар мегардад.
Роҳпаймоии ҷашнӣ нишонаи иттиҳоду ҳамдилӣ ва сарҷамъию хушбахтии миллат буда, бо ифтихор аз ободию оромӣ роҳпаймоӣ намудан далели зиндагии шоиставу арзандаи мардуми саодатманди Тоҷикистон мебошад.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон











Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамкориро бо Донишгоҳи Вестминстер густариш медиҳад
Маркази миллии тестӣ барои дастгирӣ ва осонии кори довталабон дар ИМД-и соли 2026 чӣ тадбир андешидааст?
Давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
То соли 2030 дар Тоҷикистон 800 муассисаи нави томактабӣ бунёд карда мешавад
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Беш аз 15 ҳазор хатмкунанда бо шароити таҳсил дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
Имрӯз даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст мегардад
«Барномаи рушди таълиму тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оид ба нақши осори Саттор Турсун дар адабиёти муосири тоҷик ҳамоиш баргузор шуд
Даври якуми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД 2026 оғоз мегардад
Дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд






