Дар Муассисаи таҳсилоти иловагии минтақаи Кӯлоб синфхонаи инноватсионӣ омода карда мешавад
КӮЛОБ, 22.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи таҳсилоти иловагии минтақаи Кӯлоб бо мақсади фароҳам овардани шароит барои хонандагони муассисаҳои таълимӣ синфхонаи инноватсионии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир, аз қабили тахтаи электронӣ, компютер, проектор, хати интернет ва толори машварату ҷаласаҳо таъсис дода мешавад, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холов.
Тибқи иттилои директори Муассисаи таҳсилоти иловагии минтақаи Кӯлоб Ҳайдар Ҳайдарзода, дар доираи ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар муассисаи мазкур ва муассисаҳои таҳсилоти иловагии ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Данғара ва Муъминобод синфхонаҳои инноватсионӣ мавриди истифода қарор дода мешаванд. Дар синфхонаҳои мазкур беҳтарин шароит муҳайё мегардад, ки ин ба таълиму тарбияи насли наврас таъсири мусбат мерасонад.
Ҳайдар Ҳайдарзода афзуд, ки дар марҳилаи дуюми лоиҳаи ҳамкорӣ бо шарикони рушд сохтмони синфхонаҳои инноватсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти иловагии ноҳияҳои Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Восеъ ва Темурмалик ба нақша гирифта шудааст.
Бо муҳайё шудани синфхонаҳои инноватсионии муҷаҳҳаз бо лавозимоти замонавии таълимӣ аъзои маҳфилҳо дар шароити мусоид таълиму тарбия дода мешаванд. Муассисаи таҳсилоти иловагии минтақаи Кӯлоб бо шарикони рушд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти мувофиқ доранд, ҳамкориро беҳтар хоҳад кард.
Ҳадафи асосӣ- муҳайё гардонидани шароити муосири таълимӣ барои хонандагон мебошад.
АКС: Хадамоти раёсати вилояти Хатлон








Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд






