Дар се моҳи соли равон дар вилояти Хатлон 52 корхона ва коргоҳи саноатӣ мавриди истифода қарор дода шуд

Апрель 21, 2023 15:18

ДУШАНБЕ, 21.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Давоми се моҳи соли равон аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 52 корхона ва коргоҳи саноатӣ мавриди истифода қарор дода шуд, хабар медиҳад  АМИТ «Ховар»  бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон. 

Ёдовар мешавем, ки зимни ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар се моҳи аввали соли 2023, ки 12 апрел дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят доир гардид, масъалаи сари вақт ба истифода додани корхонаҳои саноатии айни ҳол бунёдшаванда мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ҷаласа иброз гардид, ки  саноатчиёни вилоят бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда,  дар се моҳи соли равон ба маблағи 2,4 милиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки нисбат  ба ҳамин давраи соли 2022   231,7 млн. сомонӣ зиёд  мебошад.

Бояд гуфт, ки 7 сентябри соли 2022  дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ  Созишномаи сармоягузорӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ  «Ширкати инвеститсионию истеҳсолии «Ориён Инвест» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли семент дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон ба имзо расонида шуд.

Тибқи ин созишнома, «Ориён Инвест» уҳдадор мешавад, ки дар доираи панҷсолаи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён  корхонаи бузурги истеҳсоли семент бунёд намояд.


Ба гуфтаи масъулин, лоиҳаи мазкур дар ду марҳила амалӣ шуда, иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол то 2 млн тонна сементи навъи ба сулфат тобовар ва сементи навъи М-400 мебошад.

Ҳамчунин  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб иттилоъ дод, ки аз рӯи нақша то соли 2026  дар шаҳр 40  коргоҳу корхонаҳои нав бунёд мешавад. Аз ҷумла, дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ- саноатикунонии босуръати мамлакат  ва эълони Солҳои рушди саноат (2022-2026)  имрӯзҳо дар Минтақаи саноатии шаҳри Кӯлоб коргоҳу корхонаҳои нави  саноатӣ бунёд мегардад.

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои  таҳияшуда, дар Минтақаи саноатии шаҳри Кӯлоб барои 11 нафар соҳибкорон ҷиҳати бунёди коргоҳу корхонаҳои саноатӣ замин ҷудо гардида, дар ин ҷо корҳои пеш аз сохтмонӣ идома дорад. Аллакай соҳибкорон як коргоҳу як корхонаро ба истифода доданд. Инчунин коргоҳи истеҳсоли обҳои ташнагишикан ва корхонаи коркарди ғалла дар шаҳри Кўлоб   аз нав ба фаъолият шурӯъ намуданд.

Дар Ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кўлоб  як коргоҳ ба истифода дода шуд, ки   дар он  парвариши чағора ба роҳ монда шудааст. Соҳибкорон мегӯянд, ки маҳсулот дар муддати 45 рӯз омода шуда, талабот ба он хеле зиёд аст. Он дар бозору марказҳои савдои шаҳру вилояти Хатлон ба фурӯш бароварда мешавад. Дар ин коргоҳ мақсад доранд дар оянда парвариши навъҳои дигари чағораро ба роҳ монанд.

Бояд гуфт, ки Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ  дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон, ки 18 июни соли 2022 дар ноҳияи Данғара доир гардид, супориш доданд, ки Вазорати саноат ва технологияҳои навро зарур аст якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сармоягузорон доир ба ташкили корхонаҳои коркарди пӯст, истеҳсоли пойафзол ва дигар маҳсулоти чармӣ чораҷӯӣ намояд.

«Новобаста аз супоришҳои қатъӣ дар самти таъсиси корхонаҳои коркарди пӯст, то имрӯз дар ҳудуди вилоят дар ин самт ягон корхона таъсис дода нашудааст. Ҳол он ки тибқи маълумоти оморӣ,  ба ҳолати 1-уми июни соли 2022 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят саршумори чорвои калону майда зиёда аз 3,6 миллион сарро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 фоиз зиёд гардидааст»,- тазаккур додан Сарвари давлат зимни ин суханронӣ.

Вобаста ба ин, роҳбарияти вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати ислоҳи ин камбудӣ чораҳои фаврӣ ва қатъӣ андешанд.

Тазаккур бояд дод, ки дар вилояти Хатлон ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ дар 3 моҳи соли равон дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ ҳаҷми истеҳсоли гӯшт ба 19850 тонна, шир 77337 тонна, тухм 32581,3 ҳазор дона, пашм 97 тонна ва моҳӣ 726 тонна баробар гашта, афзоиши ҳаҷми истеҳсол нисбат ба  ҳамин давраи соли гузашта аз 101 то 153,5 фоизро ташкил медиҳад.

Итминон дорем, ки соли равон  корхонаҳои коркарди пӯст, истеҳсоли пойафзол ва дигар маҳсулоти чармӣ ба истифода дода шуда,  ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ  мусоидат менамояд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

 АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Апрель 21, 2023 15:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе истифодаи фановарию маводи нав дар сохтмони роҳҳоро баррасӣ намуданд
Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Носири Хусрав бо корҳои сохтмонӣ шинос шуд
Сарвазири Тоҷикистон дар Шаҳритус бо вазъи зиндагии мардум ва корҳои созандагӣ шинос гардид
Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамкориро дар соҳаи рақамикунонӣ тақвият медиҳанд
IRS: Муҳлати маҳдудияти мавсимӣ барои мошинҳои боркаши гаронвазн ба охир расид
Дар Бишкек тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон баррасӣ гардид
Лоиҳаи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳияи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ баррасӣ шуд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Дӯстӣ бо рафти ҷамъоварии ҳосили пахта ва корҳои созандагӣ шинос гардид
Дар Душанбе таҳкими ҳамкорӣ вобаста ба конфронси СИТЕС баррасӣ шуд
Шуруъ аз 16 сентябр дар масири Сиан-Душанбе парвозҳои мустақими ҳавоӣ оғоз мегарданд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об тақвият медиҳанд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Кӯшониён бо ҷараёни корҳои созандагӣ ва хоҷагидорӣ шинос шуд