Дар шаҳри Екатеринбург барои наврасони тоҷик даврҳои омӯзишии томактабӣ ифтитоҳ гардид

Апрель 18, 2023 18:31

ДУШАНБЕ, 18.04.2023 /АМИТ «Ховар»/.  16 апрел  дар шаҳри  Екатеринбурги Федератсияи Русия   даврҳои омӯзишии томактабӣ барои фарзандони тоҷикони муқими ин шаҳр   оғоз  гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия хабар доданд. 

Даврҳои омӯзишӣ аз ҷониби Ассотсиатсияи «Гилдияи омӯзгорони забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ дар минтақаи Урал» дар доираи барномаи «Мактаби якшанбегии забони русӣ барои наврасони синни томактабӣ» бо пуштибонии роҳбарияти ноҳияи Железнодорожнийи шаҳри Екатеринбург ва дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти тоҷикон «Дидор» ба таври ройгон ташкил карда шуд.

Дар навбати аввал 25 навраси тоҷик ба ин даври омӯзишӣ фаро гирифта шуда, ба онҳо омӯзгорони касбӣ таълим хоҳанд дод.

Тибқи нақшаи роҳбарони барнома, дар оянда имкон аст, ки  доираи васеи ҳамватанон ба ин машғулият фаро гирифта шавад.

АКС: Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург

Апрель 18, 2023 18:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд