Дар Тоҷикистон Конфронси 5-уми тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ (CACCC-2023) доир мегардад

Апрель 24, 2023 08:20

ДУШАНБЕ, 24.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми моҳи май Тоҷикистон мизбони Конфронси 5-уми тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ (CACCC-2023) мегардад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Соли равон мавзуи конфронс тағйирёбии иқлим ва рушд аст. Дар чаҳорчӯби CACCC-2023 масъалаҳои мубрами давлатҳои Осиёи Марказӣ дар заминаи тағйирёбии иқлим, коҳиш ва мутобиқсозии он дар соҳаҳои об, энергетика, ғизо ва муҳити зист баррасӣ карда мешавад. Конфронси 5-уми Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим (CACCC-2023) аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маркази Минтақавии экологии Осиёи Марказӣ (РЭССА) ташкил карда мешавад.

Тоҷикистон дар ташаббусҳои ҷаҳонӣ, аз қабили Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» (2005-2015) ва «Об барои рушди устувор» (2018-2028), дар Симпозиуми сатҳи баланд оид ба SDG 6 ва Ҳадафҳои он: ноил шудан ба дастрасии ҳамагон ба об ва санитария пешсафӣ нишон дод.

Бояд тазаккур дод, ки дар маросими ифтитоҳи Конфронси СММ оид ба шарҳи ҳамаҷонибаи миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таъкид иброз доштанд, ки «захираҳои об имрӯз зери таъсири чолишҳо ва таҳдидҳои гуногун қарор доранд, ки ба тамоми соҳаҳои ҳаёти мардум, бахусус амнияти озуқаворӣ, истеҳсоли энергияи сабз ва устувории табиат таъсир мерасонанд. Дар ин силсила тағйирёбии иқлим ҳамчун омили таъсиргузор ба захираҳои оби ошомиданӣ низ дар маркази таваҷҷуҳи мо қарор дорад. Тайи панҷ даҳсолаи охир таъминоти об ба ҳар сари аҳолӣ дар ҷаҳон тақрибан дувуним баробар ва дар баъзе минтақаҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ беш аз чаҳор маротиба кам шудааст».

Баргузории чорабиниҳои муштараки минтақавӣ, аз қабили CACCC аҳамияти муҳим дошта, дар густариши муколама оид ба таҳияи роҳҳои ҳалли муштараки мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим саҳми назаррас мегузорад.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 24, 2023 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» амалӣ мешавад
Дар Вена брифинг оид ба омодагӣ ба Конфронси 4-уми оби Душанбе баргузор гардид
Моҳи май дар шаҳри Бохтар Форуми сайёҳии «Хатлон – 2026» баргузор мешавад
Ҷаласаи гурӯҳи кории Шурои роҳбарони Палатаи савдо ва саноати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Тоҷикистон ва Миср ҳамкориро дар соҳаҳои дорусозӣ, нассоҷӣ ва мошинсозӣ густариш медиҳанд
Тавсеаи ҳамкории дуҷонибаи сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Лондон бо намояндагони ниҳодҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ вохӯрӣ намуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзӣ дар Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав шинос шуд
Ҷаласаи нахустини Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд
Ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунандаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид доир шуд
Нишасти Кумитаи пайгирии иҷрои Протоколи Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон баргузор гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» Маркази логистикӣ таъсис дода мешавад