ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Мурғоб боғи нав бунёд гардид

Апрель 16, 2023 18:26

ДУШАНБЕ, 16.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. 14 апрел дар ноҳияи Мурғоб бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати 1 гектар боғи нав бунёд гардид.

Тавре дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар боғи навбунёд дарахти бед, ки дар шароити ноҳия нашъунамои хуб дорад, инчунин ба таври таҷрибавӣ хучу ангат низ шинонда шудааст.

Боғи навбунёд дар солҳои минбаъда ба як макони фарҳангӣ фароғатӣ табдил дода шуда, дар ин ҷо тамоми шароит барои тафреҳ ва бозии кӯдакон муҳайё карда мешавад.

Сокинони ноҳияи Мурғоб якдилона дар бунёди боғ меҳнат карда,аз иқдомҳои неки Роҳбарияти олии мамлакат дар мавриди бунёди боғу токзори нав изҳори хушнудӣ намуданд.


Дар суҳбат бо сокинони ноҳия, роҳбарияти вилоят таъкид намуд, ки таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ин макони doxycycline-info.net бараъло эҳсос карда мешавад. Бо дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар ноҳия иншооти замонавӣ ва баландошёна сохта мешаванд, ки барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум мусоидат хоҳад намуд.

Ҳамчунин, дар ин рӯз дар назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва идораву муассисаҳо зиёда аз 10 ҳазор дарахти бед, 400 адад хуч, 400 намуд ангат ва гули садбарг шинонда шуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Апрель 16, 2023 18:26

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд