Доираҳои соҳибкорию тиҷоратии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар Остона ҷамъ меоянд

Апрель 26, 2023 10:04

ДУШАНБЕ, 26.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аввали моҳи май дар шаҳри Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар Форуми соҳибкорӣ намояндагони сохторҳои марбутаи давлатии Тоҷикистон ва Қазоқистон ва соҳибкорони ҳар ду давлат дар самтҳои саноат, кишоварзӣ, сохтмон, сайёҳӣ, хизматрасонӣ, логистика ва фармасевтӣ иштирок менамоянд.

Пайдо намудани шарикони тиҷоратӣ байни соҳибкорон ва тавсеаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон ва Қазоқистон аз ҳадафҳои асосии  форум арзёбӣ мегардад.

Интизор меравад, ки дар доираи форум вохӯриҳои дуҷонибаи соҳибкорони Тоҷикистон ва Қазоқистон дар сиғаи «соҳибкор бо соҳибкор» (B2B) ва бахши давлатию хусусии ҳар ду ҷониб доир гардад. Аз рӯйи натиҷаи вохӯриҳо баимзорасонии санадҳои ҳамкорӣ байни доираҳои соҳибкории ҳар ду давлат дар назар дошта шудааст.

   АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 26, 2023 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад