ДУШАНБЕ — НИГИНИ ТОҶИКИСТОН. Дар пойтахт муассисаҳои таълимии ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгў сохта мешавад

Апрель 15, 2023 14:56

ДУШАНБЕ, 15.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамарўза қомат афрохтани биноҳои маъмурию истиқоматӣ,  маҷмааву қасрҳои муосир,  иншооти варзишӣ, таъмиру  мумфаршгардонии  роҳҳо, бунёди корхонаҳои пешқадами саноатӣ ва муассисаҳои илмӣ,  таълимию тандурустӣ   аз азму талош ва ниятҳои созандаи роҳбарияти шаҳри Душанбе, алалхусус  Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дарак медиҳад. Воқеан, суръати баланди корҳои сохтмонӣ ҳар як бинандаро ба ваҷд меорад. Нафаре, ки барои муддате  аз Душанбе берун рафта бошад, баъди бозгашт онро намешиносад. Чунин иброз дошт сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода дар Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни  суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар».  

Мавсуф дар идомаи суҳбат таъкид намуд, ки  чанд соли охир дар пойтахт иншооти  ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгў бунёд мешаванд, ки баҳри рушди соҳаи маориф ва ҳифзи иҷтимоии  сокинон нигаронида шудаанд. Бояд гуфт, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти мамлакат –шаҳри Душанбе дар соли 2022 корҳои ободониву бунёдкорӣ бомаром идома ёфта, 708 иқдоми созандагӣ, аз ҷумла бунёди 14 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва томактабӣ, 8 муассисаи тандурустӣ, 74 корхонаю коргоҳи саноатӣ, 16,3 километр роҳ, 11 бинои маъмурӣ, 23 иншооти баландошёна бо 28 маркази хизматрасонӣ, 8 иншооти варзиш, рангубори 146 бино ва як қатор корҳои дигар бо таъсиси беш аз 2 ҳазор ҷойи нави корӣ амалӣ карда шуданд.

Қобили тазаккур аст, ки то соли 2026 дар шаҳри Душанбе 100 корхонаи нави саноатӣ бунёд карда мешавад. Сохтмони ин корхонаҳо дар асоси Нақшаи чорабиниҳои «Солҳои рушди саноат барои солҳои 2022-2026», ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расидааст ва дар доираи  татбиқи  ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат анҷом дода мешавад.

Хотирнишон бояд кард, ки тибқи дастуру супоришҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2023 дар шаҳри Душанбе марҳила ба марҳила 4 корхонаи истеҳсолу коркард ва то маҳсулоти ниҳоӣ расонидани металлҳои қиматбаҳо сохта ба истифода дода мешавад.

Бовар дорем, ки   пойтахти тоҷикони дунё   -шаҳри Душанбе, ки онро нигини Тоҷикистон меноманд,  бо чунин суръати   рушд  дар чанд соли минбаъда ба яке аз шаҳрҳои муосири ҷаҳон табдил меёбад.

   Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ
«Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 15, 2023 14:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи дониш дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷамъомад доир шуд
«ДОНИШ ВА СУЛҲ». Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе соли нави таҳсил оғоз гардид
Дар Суғд ба муносибати Рӯзи дониш ҳамоиш доир гардид
Дар Рӯзи дониш бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Вакили Маҷлиси намояндагон бо хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор вохӯрӣ намуд
РӮЗИ ДОНИШ ВА ДАРСИ СУЛҲ. Он падидаи иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва омили таҳкими рушди устувори маориф аст
«БА ХОНАНДАГОН АХЛОҚИ НЕК ВА ОДОБУ РАФТОРИ НАМУНАВӢ МЕОМӮЗОНЕМ!». Бардошт аз оғози соли нави таҳсил
Дар ҳамаи муассисаҳои таълимии Тоҷикистон занги аввал садо дод
ИЛМ ОМӮЗЕД, СОҲИБКАСБУ ЗАБОНДОН ШАВЕД! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати таҷлили Рӯзи дониш
«МАКТАБ САБАБИ ҲАЁТ БОШАД…». Имрӯз дар тамоми муассисаҳои таълимӣ соли нави таҳсили 2025-2026 оғоз гардид
Дар Тоҷикистон то соли 2027 фарогирии кӯдакон ба таҳсили томактабӣ ба 33 фоиз расонида мешавад
Бо мақсади таъмин намудани рушди минбаъдаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 300 миллион сомонӣ ҷудо карда мешавад