ҲИФЗИ ПИРЯХҲО — КАФОЛАТИ ФАРОВОНИИ ОБИ ТОЗА. Таҳти ин унвон дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ конференсия доир шуд

Апрель 13, 2023 19:40

ДУШАНБЕ, 13.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 12 апрел дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев бахшида ба эълони Соли байналмиллалии ҳифзи пиряхҳо ва Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таҳти унвони «Ҳифзи пиряхҳо-кафолати фаровонии оби тоза» конференсия баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи мазкур хабар медиҳад.

Дар конференсия иброз гардид, ки 22-24 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба Шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028  иштирок ва суханронӣ намуданд. Тазаккур дода шуд, ки конфронси оби СММ-2023-ро  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд раисӣ намуданд.

Ҳамзамон дар доираи ин конфронс якчанд чорабиниҳои канорӣ баргузор карда шуд, ки дар он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуданд.

Донишгоҳи давлатии Хоруғ  вобаста ба тарғиби ташаббусҳои ҷаҳонии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масоили об силсилачорабиниҳо ба роҳ мондааст, ки конференсияи имрӯза яке аз он аст.

Дар идомаи кори конференсия оид ба мавзуъҳои «Ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва моҳияти Конфронси оби СММ-2023», «Олудашавии об ва норасоии оби нӯшокӣ», «Пиряхҳои Тоҷикистон: сарчашмаи оби Осиёи Марказӣ ва ҳифзи онҳо» аз ҷониби иштирокдорон  маърузаҳои илмӣ пешниҳод гардид.

Дар фарҷоми конференсия байни иштирокчиён оид ба мавзуъҳои баррасигардида музокираи илмӣ доир шуд. Аз ҷумла, устодони донишгоҳ муваззаф шуданд, ки ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистонро боз ҳам васеътару дақиқтар мавриди омӯзиш ва пажӯҳиш қарор диҳанд.

Гуфта шуд, ки минбаъд дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ дар доираи соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо  таҳқиқоти доманадор ба роҳ монда, баргузории барномаҳои гуногуни илмӣ, тарбиявӣ, тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳӣ байни донишҷӯёну қишрҳои ҷомеа пурзӯр карда шавад.

 АКС: Донишгоҳи давлатии Хоруғ

Апрель 13, 2023 19:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд