Ихтироъкорони тоҷик дар Намоишгоҳи байналмилалии ихтироот дар Москва сазовори медалҳои нуқра шуданд

Апрель 22, 2023 16:39

ДУШАНБЕ, 22.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ихтироъкорони тоҷик дар Намоишгоҳи 26-уми байналмилалии ихтироот ва технологияҳои инноватсионии Москва «Архимед» соҳиби ҷойи ифтихорӣ шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Иштироккунандагони намоишгоҳ намояндагони 221 ташкилот аз 27  давлат ва 35 минтақаи Федератсияи Русия буданд, ки ба намояндагони васеи илмӣ-техникӣ қариб 600 лоиҳа ва ихтирооти навоваронаро намоиш доданд. Аз ин теъдод 198 адади он аз тарафи муаллифон ва соҳибони патенти хориҷӣ пешниҳод гардид.

Аз ҷониби Комиссияи тахассусии коршиносон ва ҳакамони байналмилалӣ озмунҳо ҷамъбаст гардида, иштирокчиён бо медалҳои тилло, нуқраю биринҷии намоишгоҳ ва туҳфаҳои махсус мукофотонида шуданд.

Бо қарори ҳакамони байналмилалӣ ихтироъкорон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон Зумрат Ғайбуллоева барои ихтирои «Тарзи ҳосилкунии моддаҳои барқароркунанда ҳангоми коркарди ангишт» ва Мадина Кариева барои ихтирои «Сохтор барои муолиҷаи баромадагии модарзодии рон» бо медалҳои нуқра мукофотонида шуданд.

АКС: Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»

Апрель 22, 2023 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд