ИЛМ. Олимон усули баланд бардоштани ҳосилнокии заминро пайдо карданд

Апрель 16, 2023 12:00

ДУШАНБЕ, 16.04.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Олимони Донишгоҳи давлатии Тюмен (ДДТ) пешниҳод карданд, ки ангиштсанги аз партовҳои органикӣ ҳосилшударо барои беҳтар кардани хосияти хок ва баланд бардоштани ҳосилнокии замин истифода баранд. Ба гуфтаи онҳо, ин ҳамчунин имкон медиҳад, ки тозагии экологии хоҷагиҳои кишоварзӣ таъмин ва қисман нуриҳои минералӣ иваз карда шаванд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба РИА «Новости» иттилоъ медиҳад, натиҷаҳои тадқиқот дар «Biomass Conversion and Biorefinery» нашр шудааст.

«Азбаски ба замин андохтани мелиорантҳо дар асоси ангиштсанги биологӣ ба ҳосилхезии он таъсири хуб мебахшад, миқдори партовҳои органикии чамъшударо кам карда, дар айни замон ҳосили зироатро баланд бардоштан мумкин аст», — баён дошт мудири озмоишгоҳи технологияҳои самараноки захиравии коркарди термикии массаи биологии Институти X-BIO ДДТюмен Иван Шаненков.

Дар натиҷаи коркарди термикӣ дар муҳити бе оксиген партовҳои органикӣ, аз қабили гарди арра, коҳ, пӯсти чормағзи санавбар ба маводи карбони хеле ковок табдил меёбанд. Ҳангоми ба замин илова намудани он таркиб ва тартиботи обу ҳавои он беҳтар мегардад. Илова бар ин, таркиби ангишти биологӣ доираи васеи микроэлементҳоро дар бар мегирад, ки барои ҳар намуди ашёи хоми истифодашаванда беназир мебошад ва ба ҳосилнокии хок таъсири мусбат мерасонад.

«Дар кишвари мо ангишти билогӣ асосан аз чӯб сохта шудааст ва он ҳамчун захираи сӯзишворӣ истифода мешавад. Мо пешниҳод мекунем, ки онро ҳамчун нурии мустақил барои заминҳои кишоварзӣ ё дар таркиби сохтҳо бо дигар намудҳои мелиорантҳои хокӣ баррасӣ кунем», – шарҳ дод корманди илмии озмоишгоҳ Константин Пономарев.

Дар айни замон олимон барои арзёбии таъсири мубодилаи ангиштҳои биологӣ ва дигар нуриҳои минералӣ ба ҳосили гандум озмоиш мегузаронанд. Натиҷаҳо ба таҳияи тавсияҳо оид ба истифодаи технологияи коркарди гармии миқдори биологӣ ба ангиштсанги биологӣ ва роҳҳои ворид кардани мелиорантҳои бадастомада кумак мерасонанд.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС: РИА «Новости»

Апрель 16, 2023 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид
Хуршед Каримзода дар ҳамоиши байналмилалии «Такмили экосистемаи ҷаҳонии савдо» дар Корея иштирок намуд
Соли равон соҳибкорони Тоҷикистон ба маблағи 71,3 миллион сомонӣ андоз супориданд
Байни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Бюрои савдои Вэнтсзяни Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад