МАОРИФ — ПОЯИ ДАВЛАТ. Соли 2023 дар Тоҷикистон сохтмони 219 бинои муассисаи таълимӣ ва иловагӣ ба нақша гирифта шудааст

Апрель 15, 2023 19:56

ДУШАНБЕ, 15.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 дар қаламрави ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохтмони 219 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 53 ҳазору 148 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шудааст, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Соли равон аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 17 муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 5718 ҷойи нишаст дар як баст ба истифода дода шуд.

Инчунин дар доираи амалишавии «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2027» дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 13 бинои муассисаи таҳсилоти умумӣ барои 4260 ҷойи нишаст бо маблағи 23 миллиону 700 ҳазор сомонӣ сохта ва навсозӣ гардид.

Инчунин дар доираи нақшаи амалии барнома бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохтмони 67 иншооти дигар идома дорад.

Тавре қаблан ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати маорифи Хатлон иттилоъ доданд, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2022 «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2027» ва нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии барномаи мазкур тасдиқ гардид. Тибқи барномаи мазкур, дар вилояти Хатлон то соли 2027 қариб 350 муассисаи таълимӣ бо маблағгузории  2 миллиарду 200 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода мешавад.

«Тибқи нақша барномаи мазкур дар ду марҳила- солҳои 2022-2024  ва 2024-2027 амалӣ гардонида шуда, аз се замима иборат аст: сохтани муассисаҳои таълимие, ки дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, ба синфхонаҳои иловагӣ ниёз доранд. Марҳилаи дуюм, муассисаҳои таълимие, ки дар деҳаҳои навбунёд  ва деҳаҳое, ки шумораи аҳолиашон рӯ ба афзоиш аст, ба инобат  гирифта мешавад»,- хабар доданд дар Раёсати маорифи вилояти Хатлон.

Ҳадаф аз барномаи мазкур- беҳтар гардонидани вазъи моддӣ-техникии муассисаҳои соҳаи маорифи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон мебошад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 15, 2023 19:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд