Нашриёти «Ирфон» доир ба усулҳои тавлид, интиқол, истифода ва сарфаи энергияи электрикӣ китоб ба нашр расонид
ДУШАНБЕ, 04.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи нашриявии «Ирфон» бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040) таҳти унвони «Усулҳои тавлид, интиқол, истифода ва сарфаи энергияи электрикӣ» китоби нав ба нашр расонид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар муассисаи мазкур иттилоъ доданд.
Ин дастури илмӣ–амалӣ дар матбааи ҶДММ «Сифати чоп» бо теъдоди қариб 500 нусха ба табъ расидааст.
Тавре директори Муассисаи нашриявии «Ирфон», муҳаррири библиографӣ, номзади илмҳои педагогӣ Қурбон Ғуломзода иттилоъ дод, «дар ин дастур маълумоти ибтидоӣ дар бораи усулҳои тавлид, интиқол, истифода ва сарфаи энергияи электрикӣ дар манзили истиқоматӣ, корхонаю ташкилот, муассисаҳои фарҳангию фароғатӣ ва дигар ташкилот, новобаста ба шакли моликияташон гирд оварда шудааст. Аз ҷумла, маълумоти мухтасар дар бораи мафҳуми ҷараёни электрикӣ, тавлид ва тарзи интиқоли он ба ҳар хонадон ва корхона, занҷири электрикии одӣ ва ҷузъҳои он, сохти электрикии баъзе таҷҳизоти электрикии хона, маълумоти ибтидоӣ дар бораи кори манбаъҳои барқароршаванда ва барқарорнашавандаи энергия, муҳофизакҳо ва ҳимоятгариҳои худкор (автоматӣ) пешниҳод шудааст».
Муқаддимаи дастури илмӣ-амалӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ навишта шудааст.
Китоби илмӣ-амалии «Усулҳои тавлид, интиқол, истифода ва сарфаи энергияи электрикӣ» барои ҳамаи истифодабарандагони неруи барқ, устодону донишҷӯёни соҳаи табиатшиносӣ, илмҳои дақиқ ва риёзӣ дастури хуби корию омӯзишӣ ба шумор меравад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Президенти Тоҷикистон: «Мо ду ҷашни муқаддас ва бузург дорем, ки яке ҷашни истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон ва дигаре Наврӯз аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Номи Наврӯз давоми ҳазорсолаҳо дигар нашудааст»
РӮЗИ ФАРҲАНГ ДАР ТОҶИКИСТОН. Фарҳанг оинаи гузашта ва роҳнамои фардои миллат аст
Китоби нави академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд






