«ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН». Даври минтақавии ин озмун барои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 29.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Даври минтақавии озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон», ки 25-27 апрел ҷараён дошт, ҷамъбаст гардид. Дар он омӯзгори фанни химияи гимназия-парваришгоҳи ба номи Б.Ғафурови ноҳияи Рӯдакӣ Санавбар Абдуллозода ҷойи якум, муаллими синфҳои ибтидоии МТМУ №28 ноҳияи Варзоб Нозигул Ашурова ҷойи дуюм ва омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқи МТМУ №18 ноҳияи Шаҳринав Зайтуна Қараева ҷойи сеюмро соҳиб шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф хабар доданд.
Озмун мутобиқи талаботи Низомномаи он ташкил ва роҳандозӣ гардида, ҷиҳати дар сатҳи касбӣ, одилона ва шаффову беғаразона баргузор гардидани он тадбир андешида шуд.
Барои иштирок дар озмун аз шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 13 дархост ҷиҳати иштироки омӯзгорон пешниҳод гардида буд. Мутобиқи талаботи банди 7-и Низомномаи озмун он аз рўи 7 шарт гузаронида шуд. Корҳои амалии озмун дар муассисаи №35 ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Иштирокчиён ва ғолибони озмун аз ҷониби Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф бо туҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ шуданд.
АКС: Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф








Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд






