«ПАРАСТУ–2023». Дар Тоҷикистон Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ доир мегардад

Апрель 22, 2023 10:27

 ДУШАНБЕ, 22.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва 85 – солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Хушназар Майбалиев аз 27 апрел то 4 май дар шаҳри Душанбе Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту – 2023» баргузор мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Фестивали мазкур бо мақсади рушди драматургияи миллӣ, санъати театрии мамлакат, таҳияи асарҳои баландғояи ватанӣ, баланд бардоштани сатҳи маҳорати касбии коргардонҳо, ҳунармандон, рассомон, бастакорон, ҳисси ифтихори ватандӯстию ватанпарастӣ, анъанаҳои хуби таърихию фарҳангӣ доир гардида, маросими ифтитоҳи он 27 апрел, соати 17:30 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар назар аст.

Дар Фестивал–озмун 18 театри касбии ҷумҳурӣ иштирок намуда, беҳтарин намоишҳоеро, ки тӯли солҳои 2021–2022 рӯи саҳна омадаанд, ба мухлисони санъати театрӣ ва ҳайати ҳакамон пешниҳод мекунанд.

Дар доираи фестивал баргузории ду ҳамоиш: «Хушназар Майбалиев – арбоби барҷастаи санъати тоҷик» ва «Вазъи кунунии театрҳои Тоҷикистон» бо иштироки мунаққидон ва театршиносон ба нақша гирифта шудааст

Бояд гуфт, ки Фестивал–озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту–2023» анъанавӣ буда, дар ду сол як маротиба доир мегардад. Дар он театрҳои касбии тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ иштирок менамоянд.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 22, 2023 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад