Тоҷикдухтар дар олимпиадаи аврупоӣ байни намояндагони 55 давлат ҷойи сеюмро соҳиб гардид
ДУШАНБЕ, 20.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Хонандаи синфи 11-и Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе Аниса Буриева дар Олимпиадаи 12-уми аврупоӣ аз фанни математика барои духтарон (European Girls’ Mathematical Olympiad) байни 55 давлати дунё Парчами давлатии Тоҷикистонро боло бардошта, соҳиби ҷойи сеюм гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода хабар доданд.
Олимиадаи мазкур аз 13 то 18 апрел дар Ҷумҳурии Словения баргузор гардида, дар он 213 хонанда аз ИМА, Чин, Австралия, Олмон, Канада, Англия, Ҷопон, Исроил, Бразилия, Фаронса, Мексика, Швейтсария, Арабистони Саудӣ, Колумбия, Юнон ва дигар давлатҳои мутараққӣ иштирок доштанд.
Ҳамзамон хонандаи дигари ин муассиса Фараҳноз Нормуродзода сазовори ҷойи ифтихорӣ гардид.
Ба даст овардани ду ғалаба дар чунин Олимпиадаи байналмилалии эътирофшуда нишонаи рақобатпазир будани низоми маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ буда, ин дастоварди беназир натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе









Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамкориро бо Донишгоҳи Вестминстер густариш медиҳад
Маркази миллии тестӣ барои дастгирӣ ва осонии кори довталабон дар ИМД-и соли 2026 чӣ тадбир андешидааст?
Давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
То соли 2030 дар Тоҷикистон 800 муассисаи нави томактабӣ бунёд карда мешавад
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Беш аз 15 ҳазор хатмкунанда бо шароити таҳсил дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
Имрӯз даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст мегардад
«Барномаи рушди таълиму тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оид ба нақши осори Саттор Турсун дар адабиёти муосири тоҷик ҳамоиш баргузор шуд
Даври якуми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД 2026 оғоз мегардад
Дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд






