4 МАЙ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АНДОЗ. Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба фаъолияти ин ниҳод тақвият мебахшанд
ДУШАНБЕ, 04.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 4 май кормандони мақомоти андози Тоҷикистон иди касбӣ доранд. Андоз муҳимтарин унсур ва муасситарин воситаи молиявии давлат буда, фаъолияти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба он зич алоқаманд аст.
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти андоз мақолаи мушовири калони кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Фирӯз Сайнозимзода пешкаши хонандагон гардонида мешавад.
— Дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки дар ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегарданд, масъалаҳои андозу андозбандӣ, бахусус, муқаррар намудани имтиёзҳои мухталиф дар соҳаи андозбандӣ, ташаккули фарҳанги андозсупорӣ, такмили низоми андозбандӣ ва қонунгузории андоз матраҳ гардида, дар ин самт мақомоти дахлдор, хусусан мақомоти андоз вазифадор карда мешаванд.
Мақомоти андози ҷумҳурӣ мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи назорати давлатии пардохти пурра ва саривақтии андозҳо буда, яке аз вазифаҳои асосии он таъмини иҷро ва риоя намудани қонунгузории андоз, таҳияи механизмҳои маъмурикунонии андоз бо мақсади таъмини воридоти саривақтӣ ва пурраи андозҳо ба буҷетҳои дахлдор, иштирок дар таҳияи лоиҳаҳои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доир ба масъалаҳои андозбандӣ, аз ҷумла шартномаҳо бо дигар давлатҳо, ба андозсупорандагон тавзеҳ додани ҳуқуқу уҳдадориҳояшон ва сари вақт огоҳ намудани андозсупорандагон оид ба тағйирот дар қонунгузории андоз маҳсуб мешавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ 30 апрели соли 2004 бо мақсади такмили қонунгузории андоз, сода гардонидани ҷараёни андозбандӣ, аз ҷумла аз байн бурдани андозҳои хурду бесамар ва ба қадри имкон паст намудани меъёри андозҳои боқимонда, ҳавасмандгардонии истеҳсолкунандагони ватанӣ ба содироти мол ва дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ зиёд кардани ҳиссаи андозҳо дар таҳрири нав таҳияи Кодекси андози Ҷyмҳypии Тоҷикистонро масъалагузорӣ намуда, соли 2004 қабул карда шудан ва аз ибтидои соли 2005-ум мавриди амал қарор додани онро таъкид намуда буданд. Ҳамин тавр, Кодекси андози Ҷyмҳypии Тоҷикистон тибқи тартиби муқаррарнамудаи Конститутсия қабул ва 3 декабри соли 2004 аз ҷониби Президенти Ҷyмҳypии Тоҷикистон имзо гардид.
Кодекси мазкур принсипҳои ташкил намудан ва фаъолияти системаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар карда, муносибатҳои омиронаро оид ба муқаррар намудан, тағйир додан, бекор кардан ва ҷамъ овардани андозҳо танзим менамояд, вазъи ҳуқуқии мақомоти андоз, андозсупорандагон, агентҳои андоз ва дигар иштирокчиёни муносибатҳои бо қонунгузории андоз танзимшаванда ва муқарраротро оид ба муайян намудани манбаъҳои андозбандӣ, иҷрои уҳдадориҳои андоз ва андешидани тадбирҳои таъминкунандаи иҷрои ин уҳдадориҳо, пешбурди баҳисобгирии бақайдгирии андозсупорандагон, объектҳои андозбандӣ ва баҳисобгирии андоз, ба ҷавобгарӣ кашидан барои ҳуқуқвайронкуниҳои андозӣ ва шикоят кардан аз амали (беамалии) мақомоти андоз ва шахсони мансабдори он муайян мекунад.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 20 апрели соли 2011 доир ба идома бахшидани ислоҳот дар бахши андоз вобаста ба ҳарчи сода намудани низоми андозбандӣ ва кам кардани шумораи андозҳо тавассути муносиб сохтани миқдори умумии онҳо таъкид шуда, дар ин самт Ҳукумати ҷумҳурӣ муваззаф гардид, ки то нимсолаи дуюми соли 2012 лоиҳаи Кодекси андозро дар таҳрири нав таҳия карда, ба муҳокимаи он доираи ҳарчи васеи мутахассисону коршиносон, соҳибкорон ва дигар андозсупорандагонро ҷалб созад.
Мавриди ёдоварист, ки дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» масъалаҳои имтиёзҳои андозӣ баррасӣ ва ҳал карда мешаванд. Имтиёзҳои андозӣ афзалияте, ки мувофиқи қонунгузории андоз ба андозсупорандагон дода мешавад, минҷумла дар шакли додани имконияти напардохтан ё дар ҳаҷми камтар супоридани андоз амалӣ мегардад.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 20 апрели соли 2012 масъалаи заминаи ҳуқуқии пешниҳод намудани имтиёзҳои андозӣ ва дигар масоил дар соҳаи андоз матраҳ мешаванд. Чунончи, Роҳбари давлат бо мақсади дастгирии молистеҳсолкунандагон ва зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ пешниҳод намуданд, ки дар лоиҳаи Кодекси андоз номгӯйи андозҳо то 50 фоиз кам карда, аз ҷумла андоз аз фурӯши чакана пурра ихтисор ва воридоти тамоми номгӯйи таҷҳизоти технологии ҳозиразамон аз ҳамаи намудҳои андоз ва пардохти гумрукӣ озод карда шавад.
Илова бар ин, пешниҳод гардид, ки ҷиҳати такмили маъмурикунонии андоз, кам кардани вақт ва хароҷоти соҳибкорон тавассути сода ва сабук намудани расмиёти андозсупорӣ шумораи эъломияҳо аз рӯйи андозҳо ва пардохтҳои алоҳида то 40 фоиз, ҳисобҳои андозӣ то 60 фоиз, инчунин миқдори ҳуҷҷатҳо ҳангоми барасмиятдарории гумрукӣ то 30 фоиз кам карда шавад.
Бинобар ин, Сарвари давлат ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки таҳия ва такмили лоиҳаи Кодекси андози Ҷyмҳypии Тоҷикистонро бо назардошти супоришҳои мазкур ва пешниҳоду мулоҳизоти аз соҳибкорону шаҳрвандон ва ташкилоту созмонҳои ҷамъиятӣ воридгардида ба анҷом расонад.
Ҳамин тариқ, Кодекси андози Ҷyмҳypии Тоҷикистон мувофиқи тартиби муқарраркардаи Конститутсия дар таҳрири нав қабул ва 17 сентябри соли 2012 аз ҷониби Президенти Ҷyмҳypии Тоҷикистон имзо гардида, аз 1 январи соли 2013 мавриди амал қарор дода шуд.
Президенти ҷумҳурӣ дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2013 доир ба дар таҳрири нав қабул гардидани Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон хотиррасон шуда, таъкид намуданд, ки «дар Кодекси андоз барои фаъолияти соҳибкорӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасонӣ, таъсиси корхонаҳои муосири истеҳсолӣ ва хоҷагиҳои фермериву деҳқонӣ зиёда аз 240 имтиёз пешбинӣ гардидааст».
Дар баробари ин, дар ин Паём гуфта шуд, ки баъзе муқаррароти Кодекси андоз ҳоло ҳам таҳлили ҳаматарафа талаб менамояд ва сохтору мақомоти дахлдор муваззаф гардиданд, ки ҷиҳати омӯзиш ва такмили онҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Сарвари давлат дар Паём ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ аз 22 декабри соли 2017 бо мақсади дастгирии давлатии соҳибкории истеҳсолӣ, таъмини барномаҳои қабулшудаи давлатӣ дар самти истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот, ташкили ҷойҳои кории нав, таҳкими иқтидори саноатию содиротии ҷумҳурӣ, воридот ва таҳвили минбаъдаи автомашинаҳои нав, таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ, таҷҳизоти ҳозиразамони ташхису табобат, инчунин воридоти технологияву таҷҳизот ва маводи истеҳсолот барои таъминоти соҳаи парандапарварӣ, воридоти ҳавопаймоҳо, локомотивҳо ва вагонҳои замонавии мусофиркашонӣ, дар маҷмуъ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ба Ҳукумати мамлакат ва дигар мақомоти марбутаи давлатӣ, минҷумла мақомоти андоз супориш доданд, ки лоиҳаҳои қонунҳои дахлдор таҳия намоянд.
Сарвари давлат дар ҳамин Паём аз санҷишҳои беасосу такрории субъектҳои соҳибкорӣ изҳори ташвиш карда, таъкид ба амал оварданд, ки «мутобиқи қонунҳои амалкунанда айни ҳол фаъолияти субъектҳои хоҷагидорро 78 мақоми санҷишу назорат ва иҷозатдиҳандаву иҷозатномадиҳанда, инчунин мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мавриди санҷиш қарор медиҳад. Бо сабаби он ки санҷишҳо асосан нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ татбиқ мегарданд, дар нуҳ моҳи соли 2017 ба ҳар шахси ҳуқуқии фаъолияткунанда 5 санҷиш рост омадааст». Бинобар ин, бо мақсади бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкорӣ дар мамлакат пешниҳод гардид, ки ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ, ба истиснои санҷишҳои нақшавии мақомоти андоз, Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Бонки миллӣ давоми ду соли минбаъда мораторий эълон карда шавад.
Ҳамин тавр, барои иҷрои талаботи Паёми гуфташуда соли 2018 қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» таҳия ва қабул гардида, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Конститутсияи ҷумҳурӣ мавриди амал қарор гирифтанд.
Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ аз 26 декабри соли 2018 Президенти мамлакат дар баробари дигар масъалаҳои муҳиму умдаи ҳаёти давлатӣ, инчунин оид ба рушди соҳибкорӣ ва такмили қонунгузории соҳаи мазкур, сатҳу сифати қонунҳо ва такмилдиҳии чанде аз қонунгузории мамлакат изҳори ақида намуданд. Сарвари давлат дар ин Паём аз қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» ва дигар масоили марбут ба дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ изҳори андеша карда, тазаккур доданд, ки соли 2018 «бо мақсади бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ дар давоми ду сол мораторий эълон намудем, ки аз он қариб 2000 субъекти соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ бархурдор гардид».
Аз ин лиҳоз, барои тақвият бахшидан ба ин раванд Роҳбари давлат пешниҳод намуданд, ки солҳои 2019-2020 тамоми санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ манъ карда, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» ба ҳамаи мақомоти санҷишу назорат ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллӣ ва мақомоти андозу гумрук низ татбиқ карда шаванд.
Бобати иҷрои талаботи Паёми мазкур Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 январи соли 2018» 15 январи соли 2019 ба имзо расид. Мутобиқи он ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» (аз 16 январи соли 2018) тағйир ворид гардид, ки минбаъд ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 январи соли 2021 мораторий эълон карда шуд.
Илова бар ин, бо мақсади иҷрои талаботи Паёми мазкур Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» мувофиқи тартиби муқарраркардаи Конститутсия қабул ва 4 апрели соли 2019 аз ҷониби Президенти Ҷyмҳypии Тоҷикистон имзо гардид. Минбаъд муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» ба ҳама мақомоти санҷишу назорат ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллӣ ва мақомоти андозу гумрук татбиқ гардид.
Қонуни мазкур ба дастгирии давлатии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои кории нав, баланд бардоштани иқтидори саноатию содиротии мамлакат, камтар намудани санҷишҳо ва муҳайё кардани шароити созгор баҳри соҳибкориву сармоягузорӣ дар мамлакат нигаронида шудааст.
Сардори давлат дар Паём ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ 26 декабри соли 2019 масъалаи такмили минбаъдаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба миён гузошта, чунин изҳор намуданд: «Ҳадафи мо аз такмили қонунгузорӣ, ки ба дастгирӣ ва рушди бахши хусусӣ, махсусан, истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ равона гардидааст, ҷорӣ намудани низоми дақиқи андозбандӣ, сода гардонидани расмиёти иҷозатдиҳиву иҷозатномадиҳӣ ва кам кардани шумораи онҳо, ба талаботи замони муосир мутобиқ намудани тартиби пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ ва роҳандозии чораҳои ҳавасмандгардонӣ мебошад.
Ба Ҳукумат ва парламенти мамлакат зарур аст, ки ҳангоми баррасӣ ва такмили қонунгузорӣ, махсусан, зимни таҳияи Кодекси андоз дар таҳрири нав ба ин масъалаҳо диққати аввалиндараҷа диҳанд».
Ҳамин тариқ, Кодекси андози Ҷyмҳypии Тоҷикистон тибқи тартиби муқаррарнамудаи Конститутсия қабул ва 23 декабри соли 2021 аз ҷониби Президенти Ҷyмҳypии Тоҷикистон имзо гардид. Кодекси мазкур асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодиро оид ба муқаррарсозӣ, тағйирдиҳӣ, бекоркунӣ, ҳисоб ва пардохт намудани андозҳо, иҷрои уҳдадориҳои андозӣ муайян карда, ба ташаккул, рушд ва ҳавасмандгардонии фаъолияти хоҷагидорӣ нигаронида шудааст.
Бояд хотирнишон сохт, ки дар мамлакат 4 маротиба — солҳои 1998, 2004, 2012 ва 2021 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав қабул карда шудааст. Тавре аз таҳлили анҷомдода маълум гардид, 3 маротиба дар таҳрири нав қабул шудани Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз дар заминаи паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» доир шудааст, ки дар таҳияи он мақомоти андоз бевосита иштирок намудааст.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 21 декабри соли 2021 таъкид ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати ҷорӣ намудани низоми электронии пайгирии муроҷиати сармоягузорон дар доираи «Равзанаи ягона» ва таҳияи тартиби роҳандозии ҳамкории электронӣ бо сармоягузорон дар ҳамаи сатҳҳои мақомоти давлатӣ бояд тадбирҳои амалӣ андешида шаванд. Ҳамчунин иброз гардид, ки то охири соли 2022 раванди бақайдгирии субъектҳои соҳибкорӣ давоми 24 соат, аз ҷумла ба тарзи электронӣ ба роҳ монда шавад. Бо мақсади иҷрои Паёми мазкур Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» мувофиқи тартиби муқарраркардаи Конститутсия қабул ва 15 марти соли 2023 аз ҷониби Президенти Ҷyмҳypии Тоҷикистон имзо гардид, ки дар таҳияи он мақомоти андоз иштирок намуд. Қонуни номбурда раванди бақайдгирии субъектҳои соҳибкориро боз ҳам сода гардонида, мувофиқи принсипи «Равзанаи ягона» муҳлати анҷоми амали бақайдгирии давлатӣ аз 3-5 рӯзи корӣ ба 24 соат ва имконияти истифодаи тартиби электронии бақайдгирии давлатӣ муқаррар карда шуд. Тартиби мазкур хароҷоти соҳибкорон ва давлатро сарфа ва раванди бақайдгириро пурра электронӣ намуда, барои вусъат бахшидан ба ташккули ҳукумати электронӣ мусоидат менамояд.
Президенти ҷумҳурӣ дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ аз 23 декабри соли 2022 дар самти мукаммал намудани низоми миллии андоз ва маъмурикунонии андоз, пардохти ҳамаи андозҳо ва боҷҳои давлатӣ ба таври ғайринақдӣ, инчунин дигар масъалаҳо дар соҳаи андоз дидгоҳу назари худро изҳор карда, дар ин самт ба мақомоти марбута, бахусус мақомоти андоз дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Чунончи, ба мақомоти андоз супориш дода шуд, ки «якҷо бо мақомоти марбута ҷиҳати беҳтар гардонидани хизматрасонии давлатӣ дар шакли электронӣ, мукаммалсозии маъмурикунонии андоз ва дар ин замина бартараф намудани таъсири омили инсонӣ ба раванди андозсупорӣ, инчунин истифодаи ҳатмии дастгоҳи назоративу хазинавии дар реҷаи вақти воқеӣ амалкунанда ва низоми хазинаҳои маҷозӣ ҳангоми анҷом додани ҳисоббаробаркуниҳои пулӣ бо аҳолӣ тадбирҳои иловагиро амалӣ гардонад».
Ҳамин тавр, паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҳамчун ҳуҷҷатҳои расмӣ таконбахши фаъолияти мақомоти андоз мебошанд.
Фирӯз САЙНОЗИМЗОДА,
мушовири калони кумитаи Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон
АКС аз манбаъҳои боз