Агентии содироти Тоҷикистон ва Вазорати савдо ва ҳамгироии Қазоқистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расониданд

Май 5, 2023 17:11

ДУШАНБЕ, 05.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 4 май дар Қазоқистон байни Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Вазорати савдо ва ҳамгироии Ҷумҳурии Қазоқистон дар самти афзун намудани маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пиёз, инчунин ташкил намудани корхонаи муштарак оид ба истеҳсоли сабзавоту меваи барвақтӣ, бунёди инфрасохтори нигоҳдории маҳсулот ва басту банди он барои содироти кафолатноки минбаъда ба Қазоқистон ба имзо расонида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии содирот хабар медиҳад.

Ёддошти тафоҳум дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон аз ҷониби Директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Баҳриддин Сироҷиддинзода  ва муовини Сарвазир-Вазири савдо ва ҳамгиро Қазоқистон Серик Жумангарин ба имзо расонида шуд.

Инчунин 3 май дар Қазоқистон дар Форуми соҳибкории Тоҷикистон ва Қазоқистон  байни Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии «Маркази рушди сиёсати савдои  «QazTrade» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

Ёддошти тафоҳум аз ҷониби Директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода ва Директори генералии Ҷамъияти саҳомии «QazTrade» Нуралӣ Букейхонов ба имзо расид.

Ҳамчунин дар Форуми соҳибкории Тоҷикистон ва Қазоқистон Директори Агентии содирот Баҳриддин Сироҷиддинзода  суханронӣ карда, ҷиҳати афзун намудани маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пиёз, инчунин ташкил намудани корхонаи муштарак оид ба истеҳсоли сабзавоту меваи барвақтӣ, бунёди инфрасохтори нигоҳдории маҳсулот ва басту банди он барои содироти кафолатноки минбаъда ба Қазоқистон сухан гуфт.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Май 5, 2023 17:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷиро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд