«ДӮСТ ОЯД, ГАРМ ДАР ОҒӮШ ГИР!». Ҷавонони фаъоли меҳмонӣ қадрдонӣ карда шуданд

Май 1, 2023 18:36

ДУШАНБЕ, 01.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ҷавонони минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, ки дар меҳмонии шаҳру ноҳияҳои Шаҳристон, Деваштич, Бӯстон, Гулистон ва Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд иштироки фаъолона доштанд, бо сипосномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи мазкур.

Тавре қаблан иттилоъ додем, аз 26 то 30 апрел бо иштироки 100 ҷавони фаъоли минтақаҳои ҷумҳурӣ аз рӯи усули «Дар меҳмонии ҷавонони манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ» таҳти унвони «Дӯст ояд, гарм дар оғӯш гир!» меҳмонӣ баргузор гардид.

Дар доираи меҳмонии ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳои мазкур барномаҳои гуногун, аз ҷумла ҳамоишу фестивал, семинару барномаи консертии «Шоми ҷавонӣ» доир шуда, иштирокчиён аз мавзеъҳои таърихию сайёҳӣ ва корхонаҳои саноатии ин шаҳру ноҳияҳо дидан намуданд.

Аз ҷумла, 26 апрел ҷавонон ба ноҳияи Деваштиҷ сафар намуда, бо маконҳои ҷолиб ва ёдгориҳои таърихии ин минтақа шинос шуданд. Бо мақсади таҳкими дӯстӣ ва шиносоӣ бо расму оини меҳмоннавозии минтақаҳо иштирокчиён дар хонаҳои истиқоматии ҷавонони фаъолу оилаҳои намунавии ин ноҳия ҷойгир карда шуданд.

27 апрел меҳмонони манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ ба шаҳри Бӯстон сафар намуда, ҳамчун рамзи эҳтиром ба гузаштаи пурифтихор дар пояи муҷассамаи Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ гулчанбар гузошта, инчунин бо дигар мавзеъҳои ҷолиби шаҳр шинос гаштанд. Сипас ҷавонон дар барномаи фарҳангии «Шоми ҷавонӣ» иштирок намуданд.

28 апрел зимни сафар ба шаҳри Гулистон ҷавонони ҷумҳурӣ дар Конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» иштирок ва суханронӣ намуданд.

29 апрел ҷавонони фаъоли мамлакат дар ҳамоиши ҷумҳуриявии «Ҷавонон зидди тероризм ва экстремизм» дар Қасри фарҳанги ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирок намуда, аз осорхонаи Қасри Арбоби ноҳия дидан карданд.

Баъди бозгашт ҷавонони фаъоли меҳмонӣ аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  қадрдонӣ карда шуданд.

Ҳадафи асосии меҳмонӣ- васеъ намудани ҷаҳонбинии ҷавонон, шиносоӣ бо фарҳанги ниёгон, урфу одат ва меҳмоннавозии халқи тоҷик, маданияти шаҳрдорӣ, дӯстии ҷавонон, тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва  таҳкими сулҳу субот дар мамлакат мебошад.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 1, 2023 18:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳҳои муассири мубориза бо чангу ғубор кадомҳоянд?
Оид ба саҳми тоҷикон дар ташаккули тамаддуни Осиёи Марказӣ конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Кумита бар зидди шиканҷаи СММ ба гузориши миллии Тоҷикистон оид ба иҷрои Конвенсия бар зидди шиканҷа баҳои баланд дод
Чангу ғубор сабаби авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо намояндагони Кумитаи СММ бар зидди шиканҷа вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе намоиш — фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ то 31 май идома меёбад
Дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Вазири адлияи Тоҷикистон бо Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон мулоқот намуд
«ХУДШИНОСӢ — ОМИЛИ ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Оид ба ин мавзуъ даври омӯзишӣ оғоз гардид
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Тоҷикобод лоиҳаи нави таъмини оби тоза барои сокинони деҳаи Сабзазор амалӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли чукрӣ ба кам шудани моддаи қанд дар таркиби хун мусоидат мекунад