Дастаи Роштқалъа дар мусобиқаи вилоятии «Ватанпарвар» cоҳиби ҷойи аввал шуд
ХОРУҒ, 21.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳамкорӣ бо Бошгоҳи техникию варзишии вилоят дар қисми низомии Қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи ҳарбию варзишии “Ватанпарвар” баргузор гардид. Дар мусобиқа 6 даста аз муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуд, иттилоъ медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан.
Ҳамасола дар моҳҳои марту апрел дар саросари мамлакат бо иштироки хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимӣ озмуни «Ватанпарвар» баргузор мегардад. Масъулияти баргузории ин озмунро марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳо ва Бошгоҳи техникию варзишии вилоят бар дӯш доранд.
Сардори Маркази таҳсилоти иловагии вилоят Аҳмадшо Муаллибшоев зимни ифтитоҳи ин озмун иброз дошт, ки “мақсади асосии озмун- ин ба хизмати Ватан-Модар омода намудани наврасон мебошад. Ҳамаи шумо дар дар озмунҳои шаҳрию ноҳиявӣ ғолиб омадед ва ба озмуни вилоятӣ роҳхат гирифтед. Аз ин рӯ мо бо боварии комил гуфта метавонем, ки ҳамаи шумо ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон омода мебошед. Акнун ба ҳунару маҳорат ва истеъдоди шумо имрӯз афсарони касбӣ баҳо мегузоранд ва ба яке аз дастаҳо роҳхат ба озмуни ҷумҳуриявӣ медиҳанд”.
Шарти аввали озмун сафороӣ ва гузашти низомӣ буд, ки дар ҳамаи қисмҳои низомӣ сарфи назар аз сохторашон ба он аҳамияти хос медиҳанд. Ҳамаи наваскарон маҳз бо сафароӣ хизмати худро оғоз мекунанд. Бинобар ин ҳар ҷавон, қабл аз ҳама, бо қадамзании бонизом, иҷрои амрҳои афсарон бояд аз наздик шинос бошад Тирпаронӣ, дорбозӣ, истифода аз ниқоби газӣ, таҳияи рӯзномаи “Ватанпарвар” ва ба қисмҳо ҷудо ва пайваст намудани силоҳи худкори Калашников аз шартҳои дигари ин мусобиқа буд.
Озмуни вилоятӣ аз омодагии комили дастаҳо шаҳодат дод ва ҳар яке аз ин дастаҳо кӯшиш намуд, ки аз худ ҳунари истеъдоди баланд нишон диҳад.
Ҳамин тавр, ғолибон дар шартҳои гуногун- тирпарронӣ, ҷудо ва пайваст намудани силоҳ, вазнбардорӣ, дорбозӣ муайян шуданд. Мақоми аввалро дастаи мунтахаби ноҳияи Роштқалъа ба даст овард. Ҷойи дуюм насиби дастаи ноҳияи Рӯшон шуда, ҷойи саввум насиби дастаи шаҳри Хоруғ гардид.
Ғолибон бо дипломи Раёсати маорифи вилоят, ифтихорномаҳои Маркази таҳсилоти иловагии вилоят ва мукофоти пулӣ сарфароз гардиданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






