Намояндагони Тоҷикистон дар Қазоқистон оид ба дастовардҳои идоракунии босамари иқтисодӣ сухан гуфтанд

Май 18, 2023 18:46

ДУШАНБЕ, 18.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 17-18 май дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон таҳти унвони «Идоракунии босамар барои рушди иқтисод» конфронси минтақавӣ оғоз шуд, ки дар он намояндагони якчанд сохтори давлатӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон ва Қирғизистон иштирок ва маъруза намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода иброз дошт, ки  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки неруи бузурги занонро баҳри рушди устувори Тоҷикистон истифода барад. «Такмили қонунгузорӣ бо мақсади татбиқи кафолатҳои давлатӣ ҷиҳати фароҳам овардани имконияти баробар барои занон ва мардон, қабули зиёда аз 60 санади меъёрии ҳуқуқӣ, таҳияи механизмҳои дастурии татбиқи уҳдадориҳои миллӣ ва байналмилалӣ оид ба имконияти занон дар сиёсати соҳавӣ қабул гардидааст. Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати ҳалли масъалаҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, масъалаҳои татбиқи ҳуқуқҳои занон дар соҳаи меҳнат, иқтисод, фарҳанг, сиёсат ва дигар самтҳо якчанд санади меъёрии ҳуқуқии мақсаднок, аз ҷумла «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030»-ро қабул намуда, амалӣ карда истодааст»,-иброз дошт ӯ.

Ҳамзамон Ҳилолбӣ Қурбонзода доир ба самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати фаъолгардонии нақши занон,  татбиқи принсипи баробарии ҳуқуқу озодиҳои мардону занон ва фароҳам овардани имконияти баробар барои амалисозии он, таъмини намояндагии баробари мардон ва занон дар соҳаҳои мухталифи фаъолият, пешгирӣ ва аз байн бурдани зӯроварӣ нисбат ба занон, ки ҳадафи асосии Стратегияро муайян менамоянд, изҳори назар намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади ҷалби бештари занон ба хизмати давлатӣ ва омода намудани роҳбарон аз ҳисоби занон Барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби духтарон ва занони лаёқатманд барои солҳои 2023-2030» қабул гардид. Ҳамчунин тибқи фармони Президенти мамлакат барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ барои занон имтиёзҳо пешбинӣ шудааст. Ҳоло дар Тоҷикистон занону духтарон 25 фоизи шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ ва қариб 20 фоизи кадрҳои роҳбарикунандаро ташкил медиҳанд.

Ҳилолбӣ Қурбонзода изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон имрӯз Ҳукумат барои таҳияи низоми ҳамаҷониба ҷиҳати дастгирии соҳибкории занон талош дошта, кӯшиш намуда истодааст. «Рушди соҳибкории занон дар ҷумҳурӣ тавассути барномаҳои давлатии соҳавӣ ва созишномаҳои байниҳукуматӣ ва институтҳои байналмилалии рушд доир мешавад. Аз соли 2006 дар мамлакат грантҳои президентӣ барои рушди соҳибкории занон ҷудо карда мешаванд. Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, то соли 2025 ҳаҷми солонаи кумакпулиҳо  2 миллиону 500 ҳазор сомониро ташкил медиҳад»,-баён дошт намояндаи Тоҷикистон.

Бояд гуфт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии соҳибкорӣ дар самти ҳунармандӣ аз соли 2018 инҷониб рӯйхати 106 намуди фаъолияти ҳунармандӣ, ки маҳсулоти онҳо дар хона таҳия мешавад аз супоридани андоз комилан озод карда шудааст.

Иброз гардид, ки агар соли 2022 аз ҷониби бонкҳо дар ҷумҳурӣ ба занон 3729,0 миллион сомонӣ қарзи хурд дода шуда бошанд, ин рақам дар муқоиса бо соли 2021 490,3 миллион сомонӣ афзоиш ёфтааст. Ба ҳисоби миёна беш аз сеяки қарзҳои аз низоми бонкӣ додашуда ба занон рост меояд, ки ин гувоҳи дастгирии Ҳукумати мамлакат нисбат ба занон дар пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ ва мавқеи устувори худро пайдо намудани онҳо дар байни ҷомеа мебошад.

Раиси Кумитаи занон иттилоъ дод, ки тибқи пажӯҳиши байналмилалии Бонки ҷаҳонӣ «Зан, тиҷорат ва қонун», рейтинги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи беҳбуди вазъи ҳуқуқӣ ва мавқеъгирии занон дар соли 2022 дар муқоиса бо кишварҳои Осиёи Марказӣ (Қирғизистон – 76,9, Қазоқистон – 69,4, Узбекистон – 71,9) 78,8-ро ташкил дод.

Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед дар идомаи кори конфронс оид ба механизми таъйин ва пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ, комёбиву афзалияти он баён дошт, ки дар айни замон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои давраи то соли 2030 амалӣ менамояд. Тӯли солҳои татбиқи Стратегияи миллии рушд ва барномаҳои миёнамуҳлат дар самти ташкили низоми муосири ҳифзи иҷтимоӣ, васеъ намудани фарогирӣ, таҳкими кумаки иҷтимоии унвонӣ ва такмили усулҳои баҳодиҳии ниёзмандӣ корҳои зиёд ба анҷом расонида шуд.

Ба гуфти ӯ, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад. «Механизми нави таъйин ва пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат қисми ҷудонашавандаи системаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ва ҳадафи асосии Ҳукумати мамлакат аз расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ба қишри осебпазири мамлакат, ин қабл аз ҳама, мусоидат намудан ба коҳиши вазъияти душвори зиндагӣ ва дастгирии шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат, ки даромади ҳадди ақаллашон аз меъёри эҳтиёҷ пасттар мебошад, ҳамзамон муҳайё намудани шароите, ки ба ин қишри ҷомеа имконияти баланд бардоштани сатҳи зиндагиашонро фароҳам меорад, ба шумор меравад»,-афзуд Шодихон Ҷамшед.

Иттилоъ дода шуд, ки аз 1 июли сол 2020 инҷониб дар 68 ноҳия ва шаҳри ҷумҳурӣ пардохти кумакпулиҳои унвонии иҷтимоӣ амалӣ карда мешавад.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, дар ин замина шуруъ аз соли 2011 то соли 2022 аз ҷониби Ҳукумати мамлакат аз ҳисоби буҷа ба қишри осебпазири ҷумҳурӣ ба маблағи 461,4 млн сомонӣ кумакҳои унвонии иҷтимоӣ расонида шудааст.

Ҳамзамон дар конфронси минтақавӣ иштирокчиён масъалаҳои алоқа байни истеҳсолот, таҳлили маълумот ва истифодаи он бо мақсади рушди сиёсати давлатӣ, пешрафт дар татбиқи сиёсати бо далелҳо асоснокшуда ва равишҳои пурзӯр намудани нақши ҷомеаи шаҳрвандиро баррасӣ менамоянд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Май 18, 2023 18:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистону Муғулистон дар самти таҳқиқоти геологӣ таҳким меёбад
Нақшаи пардохтҳои гумрукӣ дар шаш моҳ қариб 8 миллиард сомонӣ иҷро шуд
Тоҷикистон ва Муғулистон дар самти пешбурди содирот ва ҷалби сармоягузорӣ ҳамкориро густариш медиҳанд
Соҳибкор аз Тоҷикистон Шарифбек Давлатов дар Муғулистон бо медали фахрии «Роҳи Абрешим» қадрдонӣ гардид
Барои соли таҳсили 2026–2027 тибқи квотаи президентӣ 1670 ҷой ҷудо карда шуд
Дар Ишкошим ‎ зеристгоҳи барқии 110/35 кВ-и «Қозидеҳ» ба истифода дода мешавад
Байни Тоҷикистон ва Муғулистон Харитаи роҳ ба имзо расид
Барои гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил сохтори нав таъсис дода мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли 2026 ба зиёда аз 6 миллиард доллар баробар гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ҷониби Палатаи ҳисоб беш аз 202 миллион сомонӣ вайронкунии қоидаҳои молиявӣ барқарор карда шуд
Форуми тиҷоратии Тоҷикистону Муғулистон баргузор гардид
Дар шаш моҳи соли 2026 дар соҳаи саноати Тоҷикистон 1160 ҷойи нави кор таъсис ёфтааст