СЯМЭН-ДУШАНБЕ. 10 СОЛИ РОБИТАҲОИ БАРОДАРШАҲРӢ. Дар шаҳри Сямен намоиши аксҳо ва ҳамоиш доир шуд

Май 16, 2023 16:38

ДУШАНБЕ, 16.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. 14 май дар Осорхонаи шаҳри Сямэни Ҷумҳурии Мардумии Чин бахшида ба 10-солагии барқарории робитаҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сямэни Ҷумҳурии Мардумии Чин Намоишгоҳи аксҳо ва ҳамоиш доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.

Ҳамоиши мазкур дар ҳамкорӣ байни шаҳрдории Душанбе ва Сямэн сурат гирифта, зимни он намояндагони сохторҳои мухталифи ҳукумати шаҳр, ассотсиатсияи дӯстии шаҳрӣ, Федератсияи санъат ва ҳунар, устодон ва шогирдон аз Донишгоҳи Сямэн, доираҳои тиҷоратӣ, воситаҳои ахбори оммаи маҳаллӣ ва сокинони шаҳр иштирок намуданд.

Дар чаҳорчӯбаи ин санаи фархундаи робитаҳои бародаршаҳрӣ инчунин дар мавзуи «СҲШ ва иқтидори рушди Осиёи Марказӣ» мизи мудаввар доир гардид.


Бояд тазаккур дод, ки расмҳои пешниҳодгардида таҷассумгари робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ, манзараҳои зебои шаҳри Душанбе, дастовардҳои шаҳр тӯли солҳои гуногуни мавҷудият, лаҳзаҳои истироҳату фароғати шаҳрвандон ва дигар паҳлуҳои фаъолияти сокинони пойтахтро инъикос намуданд.

Тайи даҳсолаи сипаришуда шаҳрҳои Душанбе ва Сямэн дар руҳияи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ дар рушди ҳамкории байниминтақавӣ дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар арсаҳо ба натиҷаҳои муайян ноил гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки Ёддошти тафоҳум дар хусуси паймони бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Сямэн 10 июни соли 2013 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Май 16, 2023 16:38

Хабарҳои дигари ин бахш

РӮЗИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ШАҲРИНАВ. Ин чорабинӣ дар фазои идона баргузор шуд
РӮЗИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ПАНҶ. Деҳқонон беҳтарин маҳсулоти кишоварзиро пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт намуданд
Имрӯз дар пойтахт Рӯзҳои фарҳангии ноҳияҳои Спитамен, Шаҳринав ва Панҷ баргузор мегардад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ доир шуд
РӮЗИ ФАРҲАНГИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Аз маҳсулоти кишоварзӣ то ҳунарҳои мардумӣ муаррифӣ гардид
МАРҲАБО БА ТАНТАНАҲОИ ИСТИҚЛОЛ. Имрӯз дар пойтахт Рӯзҳои фарҳангии шаҳри Турсунзода ва ноҳияҳои Қубодиёну Рӯдакӣ баргузор мегардад
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои оғози корҳои сохтмонии Маҷмааи бокс ва меҳмонхонаи панҷситорадор оғоз бахшиданд
Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ Рӯзҳои фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ баргузор мегардад
Рустами Эмомалӣ бинои нави Институти иқтисодиёт ва демографияро мавриди истифода қарор доданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои оғози корҳои сохтмонии маҷмааи IT-Hub Dushanbe санги асос гузоштанд
Моҳи август «Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» баргузор мешавад
Дар шаҳри Душанбе мавсими нави хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрии «Red Bus Tours» оғоз гардид