ТАВАҶҶУҲ! Аз пагоҳ зимни ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе-Чанок маҳдудият ворид мешавад

Май 31, 2023 19:00

ДУШАНБЕ, 31.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз пагоҳ, 1 июн то 31 августи соли равон дар роҳи мошингарди Душанбе-Чанок аз соати 10:00 то 19:00 маҳдудияти ҳаракати воситаҳои нақлиёт ҷорӣ карда мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҷорӣ гардидани маҳдудият дар роҳи мазкур бо мақсади таъмири куллии аксар минтақаҳои роҳи Душанбе-Чанок ба миён омадааст.

Ин маҳдудият ба воситаҳои нақлиёти гаронвазн дахл дошта, ба ҳар  тири пешбаранда на зиёда аз 6 тонна пешбинӣ шудааст.

Икдоми мазкур дар асоси  талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҷорӣ намудани маҳдудияти мавсимии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои истифодаи умум» амалӣ шуда, ҷиҳати  нигоҳ доштани роҳ аз вайроншавии пеш аз муҳлат ва таъмини бехатарии мусофирону ронандагон, инчунин  воситаҳои нақлиёт шароит фароҳам меорад.

Чунин иқдом на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар аксари мамлакатҳои олам роиҷ буда, натиҷаҳои хуб ба бор овардааст.

АКС: Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 31, 2023 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон