«ҲУҚУҚҲОИ МО, КӮДАКОН». Дар шаҳри Бохтар таҳти чунин унвон озмуни расми беҳтарин баргузор шуд

Май 4, 2023 14:55

ДУШАНБЕ, 04.05.2023 /АМИТ «Ховар»/.  2 май дар Раёсати маорифи вилояти Хатлон ғолибони озмуни шаҳрии расми беҳтарин таҳти унвони «Ҳуқуқҳои мо, кӯдакон» қадрдонӣ карда шуданд, ки ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон (1 июн) бахшида шуда буд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон.

Озмуни «Расми беҳтарин» аз 24 апрел то 2 май бо ташаббуси мақомоти Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо Раёсати маорифи Хатлон ва шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокии хонандагон оид ба ҳуқуқу озодиҳои кӯдак ташкил карда шуд.

Дар он 58 хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Бохтар иштирок намуд. Ба кумитаи тадорукоти озмун расмҳои хонандагон пешниҳод ва ғолибони озмун муайян гардид.

Дар асоси хулосаи кумитаи тадорукот  ҷойи якумро хонандаи синфи 9-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 Лутфия Раҳматуллоева, ҷойи дуюмро хонандаи синфи 9-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 Шоҳсанам Абдурасулова ва ҷойи сеюмро хонандаи синфи 4-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и шаҳри Бохтар Раҳима Холалиева сазовор шуда, бо Сипоснома ва туҳфаи хотиравии мақомоти Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон қадрдонӣ шуданд.

«Имрӯз Ҳукумати мамлакат ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон сиёсатеро пеш гирифтаанд, ки  ба амалишавии тамоми ҳуқуқҳои кӯдакон мусоидат мекунад», — иброз дошт намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон дар анҷоми ҳамоиш.

АКС: Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон

Май 4, 2023 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад