Аз ноҳияи Ашт ба хориҷи Тоҷикистон 4 ҳазор тонна ҳосили барвақтии зардолу содирот гардид
ДУШАНБЕ, 23.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар мавсими имсола аз ноҳияи Ашти вилояти Суғд ба хориҷи мамлакат зиёда аз 4 ҳазор тонна ҳосили барвақтии зардолу содирот гардид. Тайи ду-се соли охир дар ҳудуди ноҳия беш аз 400 гектар боғи нави зардолу бунёд карда шуд, ки қисми зиёди онҳо, аллакай, ба ҳосил даромадаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи мазкур.
Моҳи май деҳқонони ноҳия зардолуҳои шаҳдбори барвақтиро ба кишварҳои дуру наздики хориҷӣ, аз қабили Русия, Қазоқистон ва минтақаҳои алоҳидаи Аврупову кишварҳои арабӣ содирот намуданд.
Дар 18 ҳазор гектар боғҳои зардолуи ноҳия, ки 11 ҳазор гектараш ҳосилдеҳ мебошад, навъҳои серҳосил ва пешпазаки ба шароити ноҳия мутобиқгашта, ба монанди: «Мирсанҷалӣ», «Бобоӣ», «Исфарак», «Рухи ҷавонон», «Офтобак» ва «Тоҷибоӣ парвариш мешаванд.
Ҳоло дар ноҳия ба ҷамъоварии оммавии зардолу машғул мебошанд. Ҳамарӯза 8-9 ҳазор нафар ба ёрии боғдорони ноҳия баромада, рӯзе аз 150 то 350 сомонӣ маблағ ба даст меоваранд.
Хотиррасон мешавем, ки дар вилояти Суғд, асосан, дар шаҳру навоҳии Исфара, Конибодом, Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ зиёда аз 50 ҳазор гектар боғи зардолу мавҷуд аст, ки дар онҳо зиёда аз 32 навъи зардолу парвариш мешавад. Интизор меравад, ки боғдорони вилоят дар мавсими имсола зиёда аз 100 ҳазор тонна зардолу истеҳсол намоянд.
Ёдовар мешавем, ки 26 июни соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои Иди нон, асал ва зардолу, ки дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид, иштирок намуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин чорабинӣ деҳқонону боғпарварони асили вилоят ва ҳам роҳбарияти шаҳру ноҳияҳои онро ба афзун кардани нишондодҳои боғу токпарварӣ, хусусан васеъ намудани зардолузор ҳидоят намуда, таъкид доштанд, ки Тоҷикистон метавонад дар самти парвариши зардолу ва содироти меваи хушк дар ҷаҳон пешсаф гардад. Ҳамин аст, ки борҳо ташкилоту озмоишгоҳҳои бонуфузи байналмилалӣ ба сифату тамъи меваҳои шаҳдбори Тоҷикистон, аз ҷумла зардолу баҳои баланд додаанд.
АКС аз бойгонӣ








КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд
Самтҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар Хадамоти гумрук тавзеҳ дода шуданд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Покистон дурнамои рушди ҳамкориро дар соҳаи энергетика баррасӣ намуданд
Сардори Хадамоти алоқа дар Конгресси ҷаҳонии мобилӣ дар Испания иштирок намуд
Ҷаласаи ёздаҳуми Шурои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои Роғун, Ваҳдат, Файзобод ва Варзоб муаррифӣ карда шуд
Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкориро дар соҳаи саноати нассоҷӣ тақвият медиҳанд
Дар Вазорати молияи Тоҷикистон татбиқи лоиҳаҳои нақлиёту энергетика баррасӣ гардид






