Дар Суғд барои таъмини бехатарии сокинон ҳангоми оббозӣ шароити мусоид фароҳам оварда мешавад
ДУШАНБЕ, 09.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аксари сокинон кўшиш менамоянд, ки дар фасли тобистон ба рухсатии меҳнатӣ баромада, онро дар мавзеъҳои истироҳатӣ, хусусан дар он ҷойҳое, ки имкони оббозӣ фароҳам оварда шудааст, гузаронанд. Барои истироҳату фароғати шаҳрвандон дар соҳили Сирдарё ҳамасола шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, дар мавсими оббозӣ таъмини бехатарии сокинон дар мадди назари масъулин қарор мегирад.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, роҳбарияти вилоят бо вазъи кунунии мавзеъҳои шиноварӣ дар соҳили дарёи Сир шинос гардида, ба масъулини Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилоят ҷиҳати кумаки фаврии шаҳрвандон ва хусусан нафароне, ки ба оббозӣ меоянду аз уҳдаи он намебароянд, дастуру супоришҳо дод.
Бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилоят дар шаҳри Хуҷанд бо таҷҳизоти муосири зудамал , ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас шудааст, таъмин мебошад.
Дар ин бахш заврақҳои муҳарикдор, резинӣ, гидросикл, киштҳои назорати патрулӣ, мошини махсуси наҷотдиҳӣ, садамавӣ-наҷотдиҳӣ, ғаввосӣ барои корҳои рӯйи обӣ ва зериобӣ мавҷуд буда, ҳамарӯза 10 нафар аз кормандони ботаҷрибаи ниҳодҳои дахлдор тибқи нақша фаъолияти навбатдорӣ менамоянд.
Ҳамчунин бо дастгирии соҳибкорони маҳалӣ барои сайёҳат дар баҳр киштие дастрас мебошад, ки дар як вақт метавонад барои то 20 нафар мизоҷ хизматрасонӣ намояд.
Роҳбарияти шаҳри Хуҷанд вазифадор шудаанд, ки корҳои ободонӣ ва беҳтар намудани шароити маконҳои оббозиро вусъат бахшида, таҷҳизот барои машқу тамрини бадан дар минтақаҳои истироҳатиро саривақт ва босифат барқарор ва барои истироҳати сокинону меҳмонони шаҳри Хуҷанд шароити зарурӣ муҳайё намоянд.
АКС: Хадамоти матботи Раиси вилояти Суғд








ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид






