Хонандагони Душанбе дар истироҳатгоҳҳои тобистонаи ноҳияи Варзоб таътили тобистонаро хуш мегузаронанд
ДУШАНБЕ, 16.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Истироҳатгоҳи тобистонаи «Орзу», воқеъ дар минтақаи Варзоб, имсол аз 13 июн ба фаъолият оғоз кард. Дар басти аввали он 225 нафар хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Фирдавсӣ ба истироҳат фаро гирифта мешаванд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Истироҳатгоҳи «Орзу» бо таҷҳизоти замонавӣ ҷиҳозонида шуда, кўдакону наврасон дар ин ҷо ҳар рӯз ба бозиҳои гуногуни шавқовари варзишӣ машғул мешаванд. Дар барномаҳои фарҳангӣ, ки ҳар рўздоир мешаванд, зери таронаҳои марғуб рақсида, якҷоя суруд хонда, бо якдигар хушиву хурсандӣ менамоянд.
Истироҳатгоҳи дигар бо номи «Гулхан», ки дар наздикии истироҳатгоҳи «Орзу» ҷойгир аст, дар ин баст 200 хонандаро аз ноҳияи Синои пойтахт ба истироҳат фаро хоҳад гирифт. Дар ин истироҳатгоҳ кӯдакон субҳро соати 6:30 бо машқҳои пагоҳӣ оғоз намуда, пас аз тартиботи пагоҳирӯзӣ соати 7:30 субҳона мехӯранд. Дар ин ҷо бачаҳо ба шоҳмот, футбол, волейбол ва дигар бозиҳои варзишӣ машғул мешаванд. Дар истироҳатгоҳ ҳавзҳо мавҷуданд, ки дар онҳо бачаҳо оббозӣ карда, обутоб меёбанд. Расо соати 21:30 ҳама ба хоб мераванд, то саҳар бо қувваи нав ба машқҳои пагоҳирўзӣ бархезанд.
Дар истироҳатгоҳи «Зимчурӯд», ки дар як гӯшаи дигари минтақаи Варзоб ҷойгир аст, дар ин мавсим 240 нафар кӯдакону наврасони ноҳияи Шоҳмансур истироҳат мекунанд. Мактаббачагон рӯзе се вақт бо хӯроки гарм таъмин карда шуда, барои онҳо бозиҳои варзишӣ ва чорабиниҳои маданӣ-равшаннамоӣ, сайру гаштҳои кӯҳӣ ва дигар барномаҳои фароғатӣ гузаронида мешаванд. Тобистон мактаббачагон дар 4 марҳила истироҳат хоҳанд кард.
Истироҳатгоҳи «Шарора», ки дар паҳлӯи «Кӯли Душанбе»-и ноҳияи Варзоб ҷойгир аст, маконест, ки иқлими хосу мусоид дорад. Дар басти аввал 180 нафар мактаббачагони ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар он истироҳат мекунанд. Аз рӯи анъана мактаббачагон рӯзи худро бо машқҳои пагоҳирӯзӣ оғоз намуда, наҳорӣ карда, баъдан ба бозиҳову шиноварӣ машғул мешаванд.
Бояд гуфт, ки дар ин истироҳатгоҳҳо мактаббачагон ройгон қабул карда мешаванд.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар “Боғи Ирам” Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргузор шуд
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид






