Намояндагони институтҳои иёлати Панҷоби Ҳиндустон аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
ДУШАНБЕ, 15.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони институтҳои иёлати Панҷоби Ҳиндустон ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф оварданд.
Тавре дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳадаф аз боздиди меҳмонон тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи ғояҳо, китобу нашрияҳо, таҳқиқоти муштараки илмӣ, вусъат додани табодули устодону донишҷӯён ва гузаронидани ҳамоишҳои гуногуни илмию амалӣ, бозомӯзии мутахассисиони риштаи забономӯзӣ ва ғайра мебошад.
Дар ин рӯз ҳамчунин мулоқоти ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Қобилҷон Хушвахтзода бо намояндагони Институтҳои иёлати Панҷоби Ҳиндустон таҳти роҳбарии доктор Канвал Наин Сингх Канг баргузор шуд.
Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба имкониятҳои илмию таълимии донишгоҳ ва ҳамкории он бо муассисаҳои илмию таълимии давлатҳои хориҷа сухан гуфт.
Ҷонибҳо дар самти омӯзиши соҳаҳои мухталифи илму техника ва баргузории ҳамоишҳои гуногуни байналмилалӣ табодули афкор намуда, ҷиҳати рушди ҳамкории минбаъда ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд.
Ҳайати меҳмонон дар факултети забонҳои Осиё ва Аврупо бо фаъолияти Маркази омӯзишии Ҳиндустон шинос шуда, баъдан Осорхона ва Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллатро дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тамошо намуданд.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон










Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ашъори Робиаи Балхиро бо 9 забони хориҷӣ қироат карданд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва неруи бузурги маънавии ҷомеа мебошад
МОДАР — ЧАРОҒИ РОҲНАМОИ ФАРЗАНД. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Дастовардҳои соҳаи мошинсозӣ ва технологияҳои истеҳсолӣ дар конференсияи байналмилалӣ баррасӣ гардиданд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Рӯзи Модарро таҷлил намуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
Ҷомеае, ки занони босавод, фаъол ва худшинос дорад, метавонад ба сӯи ояндаи равшан ва ободу осуда қадам гузорад
Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамкориро бо Донишгоҳи Вестминстер густариш медиҳад
Маркази миллии тестӣ барои дастгирӣ ва осонии кори довталабон дар ИМД-и соли 2026 чӣ тадбир андешидааст?






