Ғолибони даври минтақавии Озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон – 2023» барои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ муайян гардиданд

Июнь 25, 2023 16:25

ДУШАНБЕ, 25.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. 24 июн даври минтақавии Озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон – 2023» барои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ҷамъбаст гардид.

Тавре дар донишкадаи мазкур ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар натиҷаи ҷамъбасти озмун ҷойи якумро мураббии  муассисаи таълимии томактабии  №8-и шаҳри Ҳисор Фариза Ғафурова соҳиб шуда, ҷойи дуюмро мураббии кўдакистони  №9-и шаҳри Ваҳдат Мафтуна Гулова ба даст оварда,  ҷойи сеюмро мураббии муассисаи таълимии томактабии ноҳияи Варзоб Суҳайло Абудллозода сазовор гашт.

Дар рафти озмун, ки 22 июн оғоз шуда буд,  довталабон аз маҳорату малакаи дар раванди фаъолияти хеш андӯхтаашон маърӯза ва видеороликҳо таҳия намуданд.

Ҳамзамон аз ҷониби ҳайати ҳакамон саволу супоришҳои мушаххас ба довталабон дода шуд, то аз маҳорату дониши онҳо дар ин самт огаҳӣ пайдо намоянд.

Мақсад аз баргузории озмуни мазкур  дарёфт намудани мураббиёни боистеъдод, навовару эҷодкор ва паҳн кардани таҷрибаи пешқадами онҳо дар муассисаҳои томактабӣ мебошад.

Ҳамасола се даври Озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон» доир гардида, даври ниҳоии он дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст мешавад.

АКС: Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф

Июнь 25, 2023 16:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар “Боғи Ирам” Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргузор шуд
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид