«АНДАЛЕБ-2023». Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ дар Сангвор тибқи шартҳои муайянгардида доир шуд
САНГВОР, 21.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Сангвор даври ноҳиявии Фестивал-озмуни телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб»-2023 баргузор гардид, ки дар он санъаткорону ҷавонони боистеъдод расму оин, урфу одат, маросими хурсандии худро ба воситаи рақс, оҳангу суруд ва саҳначаҳои ҳаҷвӣ пешкаши ҳайати ҳакамон ва тамошобинон гардониданд.
Мудири бахши фарҳанги ноҳияи Сангвор Саидбег Шарипов ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иброз дошт, ки «Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2023» бо иштироки дастаҳои ҳаваскорони санъати ноҳия тибқи шартҳои муайянгардида гузаронида шуд. Хушбахтона, ҳайати ҳакамон ба ҳунару маҳорати ҳунармандон баҳои арзанда доданд.
Яке аз дигар шартҳои ин озмун баргузор кардани намоиши ҳунарҳои мардумӣ бо номи «Бозори ҳунар» буд, ки иштирокчиён маҳсулоти дастии худро ба намоиш гузоштанд. Бештари маҳсулоти дастӣ аз маводи дастраси маҳалӣ, ки аз ҷиҳати экологӣ поку барои инсон бехатар мебошанд, омода гардида буд.
Мақсади асосии баргузории фестивал-озмун- намоиш додани дастовардҳои ҳунарию фарҳангӣ ва ҳунарҳои мардумӣ буда, мавзуи меҳварии он инъикоси руҳияи хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, файзу баракати Истиқлоли давлатӣ, тарғиби арзишҳо ва мероси пурғановати фарҳанги миллӣ, ваҳдату ягонагӣ ва дӯстӣ мебошад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор








Президенти Тоҷикистон: «Мо ду ҷашни муқаддас ва бузург дорем, ки яке ҷашни истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон ва дигаре Наврӯз аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Номи Наврӯз давоми ҳазорсолаҳо дигар нашудааст»
РӮЗИ ФАРҲАНГ ДАР ТОҶИКИСТОН. Фарҳанг оинаи гузашта ва роҳнамои фардои миллат аст
Китоби нави академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд






