Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки дар Душанбе маркази минтақавии дипломатияи нақлиётӣ таъсис дода шавад

Июль 11, 2023 08:24

ДУШАНБЕ, 11.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. 12 июл дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар доираи Форуми сиёсии Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди устувори сатҳи баланд (HLPF) ҳамоиши махсус доир мегардад, ки дар он ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсиси маркази Минтақавии дипломатияи нақлиётӣ дар Душанбе (ICTD) пешниҳод ва баррасӣ карда мешавад. Дар ин хусус Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дар мулоқоти ғайрирасмии роҳбарони бахшҳои давлатӣ ва хусусии соҳаи нақлиёт, ки 6-7 июли соли равон дар шаҳри Тошканд баргузор гардид, иттилоъ дод.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти мамлакат иттилоъ медиҳад, роҳбарияти вазорат ба маълумоти иштирокчиёни мулоқоти мазкур расонид, ки 24 апрели соли равон дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази байналмилалии дипломатияи нақлиётӣ (ICTD) ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

Таъкид гардид, ки таъсиси ин маркази минтақавӣ ба таҳия ва татбиқи нақшаҳо, чорабиниҳо, барномаҳо ва лоиҳаҳо ҷиҳати таъмини Ҳадафҳои рушди устувор дар соҳаи нақлиёт мусоидат хоҳад кард. Дар робита ба ин, иштирокчиёни вохӯрии ғайрирасмӣ дар Тошканд барои иштирок дар ин ҳамоиш даъват карда шуданд.

Тазаккур дода шуд, ки бо ташаббуси Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии кишварҳои Осиёи Марказӣ лоиҳаи Созишнома байни давлатҳои Осиёи Марказӣ оид ба алоқамандии ҳамлу нақли рӯизаминӣ таҳия ва мувофиқа гардида, имзои он дар доираи Мулоқоти панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, 14 — 15 сентябри соли ҷорӣ дар Душанбе доир мегардад, ба нақша гирифта шудааст.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 11, 2023 08:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар «Саноатсодиротбонк» Рӯзи Ваҳдати миллиро таҷлил намуданд
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши идона баргузор гардид
Ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Дар Вена оид ба таъсиси низоми «Равзанаи ягона» барои минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон санади грантӣ ба имзо расид
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе кӯшиши ворид намудани рақами қалбакии давлатии воситаи нақлиёт ошкор гардид
Намояндагони Хадамоти обуҳавошиносии Корея бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон шинос шуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи Раёсати Шурои соҳибкории СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Форуми сармоягузории СҲШ имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Иқтидорҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон дар муколамаи панелии Форуми OPEC дар Вена муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Зафарабод беш аз 6 ҳазор гектар ғалладонагӣ кишт карда шудааст
Дар ноҳияи Зафаробод агрегати нави пойгоҳи обкашӣ васлу насб карда шуд
Дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ дар Вена баррасӣ гардид