Дар Ашт бахшида ба иди касбии кормандони соҳаи тиб ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 16.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. 18 август дар Тоҷикистон чун рӯзи мавлуди Абӯалӣ ибни Сино ва Рӯзи кормандони соҳаи тиб эътироф гардидааст. Дар ноҳияи Ашт бахшида ба иди касбии табибон бо иштироки роҳбарият ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамоиш доир шуд.