Моҳи октябр дар Тоҷикистон 1050-солагии олими барҷастаи Шарқ Абурайҳони Берунӣ ҷашн гирифта мешавад

Август 27, 2023 13:45

ДУШАНБЕ, 27.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Даҳаи якуми моҳи октябри  соли равон дар Тоҷикистон 1050-солагии нобиғаи маъруфи тоҷик, олими барҷастаи Шарқ Абдурайҳони Берунӣ ҷашн гирифта мешавад.  Ба ин муносибат 9-10 октябр  дар шаҳри Душанбе Симпозиуми байналмилалии илмӣ таҳти унвони «Абурайҳони Берунӣ – кашшофи асрори табиат» дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО баргузор мегардад,  хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.

Ҳадаф аз баргузории ин Симпозиум баррасии ҳамаҷонибаи ҷанбаҳои таърихӣ, илмӣ, фарҳангӣ, иҷтимоии осори Абурайҳони Берунӣ ва саҳми ӯ дар тамаддуни башарӣ мебошад.

Дар Симпозиуми мазкур  иштироки  олимони маъруфи шарқшинос, муаррихон, фарҳангшиносон, забоншиносон, адабиётшиносон, диншиносон, сиёсатшиносон, устодони донишгоҳҳо, намояндагони созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ дар назар дошта шуда,  дар мавзуъҳои «Нақши Абурайҳони Берунӣ дар пешрафти илмҳои ҷаҳонӣ», «Даврони Абурайҳони Берунӣ ва рушди илм», «Мероси табиатшиносии Абурайҳони Берунӣ ва илми муосир», «Равишҳои муосир дар шинохти осори Абурайҳон Берунӣ», «Нусхаҳои хаттии осори Абурайҳони Берунӣ дар Тоҷикистон», «Таҳқиқу нашри осори Абурайҳони Берунӣ дар Тоҷикистон» ва «Абурайҳони Берунӣ ва тамаддуни муосири ҷаҳонӣ» маърӯзаҳо пешниҳод мегарданд.

ДАР АКС: толори олимони тоҷику форс дар Созмони Милали Муттаҳид дар Вена (Австрия) аз муҷассамаҳои чаҳор чеҳраи маъруф — Ибни Сино (Авитсенна), Абурайҳони Берунӣ, Закариёи Розӣ (Рейз) ва Умари Хайём иборат мебошад. АКС аз бойгонӣ

Берунӣ 4 сентябри соли 973 дар шаҳри Кят, пойтахти бостонии Хоразм, ки ба ҳайати Давлати Сомониён (ҳоло шаҳри Берунӣ дар  Қароқалпоқистон) дохил буд, таваллуд шуда, дар рушди риёзиёт ва астрономия, ба шумули коркарди бузургиҳои назариявии ибтидоии астрономӣ ва функсияҳои ҷадвалӣ ҷиҳати баробар кардани ҳисобҳо саҳми бузург гузоштааст. Ў яке аз бузургтарин алломаҳои Машриқзамин, риёзидон, файласуф, табиатшинос, табиб, мунаҷҷим, муарриху ҷомеашинос ва аз зумраи донишмандони бузурги мардуми тоҷик барои ҳамаи замонҳо мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки 11 ноябри соли 2021 зимни ҷаласаи 41-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО тибқи тавсияи Шӯрои иҷроияи ЮНЕСКО ва қарори 41 C/15 Конфронси генералӣ номинаи муштараки Тоҷикистон, Узбекистон ва Эрон доир ба 1050-солагии зодрӯзи олими барҷастаи Шарқ Абурайҳони Берунӣ ба Феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои таҷлил дар солҳои 2022-2023 ворид гардид.

Олими зуфунун-энсиклопедист Абӯрайҳони Берунӣ (973-1048) дар чандин соҳаҳои улуми асрҳои миёнаи Шарқи исломӣ, аз ҷумла дар соҳаи таърих, мардумшиносӣ, ҷуғрофия,  забону адаб, нуҷуму ҳайат, ҳисобу арифметика, механика, геодезия, минералогия -илми ҷавоҳир, фармакология, геология беш аз 100 асари илмӣ офаридааст, ки миқдори бузурги онҳо то замони мо расидааст. Умдатарин осори Абурайҳони Берунӣ «Таҳқиқ мол-ул-Ҳинд», «Қонуни Масъудӣ», «Ат-тафҳим», «Алҷамоҳир фил маърифат-ул-ҷавоҳир», «Алсайдана фи-т-тиб», «Осор-ул-боқия», «Таҳдид ниҳоят ал-амокин ли тасҳеҳ масафат ал- масакин» ва «Мукотибот» ба шумор мераванд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 27, 2023 13:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазирони корҳои дохилии ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд