Ба ҳисоби миёна 735 млн нафар аҳолии ҷаҳон аз гуруснагиву камғизоӣ азият мекашанд

Август 13, 2023 11:28

ДУШАНБЕ, 13.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо афзоиш ёфтани аҳолии рӯи Замин талабот ба маводи ғизоӣ низ зиёд мешавад. Барои таъмин намудани аҳолии  афзоянда дар 50 соли охир истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии қишлоқ қариб то 300 фоиз баланд шудааст. Тавре АМИТ  «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус АЗЕРТАҶ бо истинод ба намояндагии минтақавии Созмони озуқа ва кишоварзии (СОК-ФАО) Созмони Милали Муттаҳид дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ хабар додааст.

Ҳамзамон тибқи маълумоти охирине, ки Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) дар гузориши худ оид ба «Вазъи амнияти озуқаворӣ ва ғизо дар ҷаҳон – 2023» нашр намудааст, ба ҳисоби миёна 735 миллион нафар аҳолии сайёра аз гуруснагӣ ва камғизоӣ азият мекашанд, вале миқдори зиёди ғизоҳои истеъмолӣ ба талафот ё партовҳо мубаддал меёбанд.

Инчунин мувофиқи маълумоти Барномаи муҳити зисти  Созмони Милали Муттаҳид, ҳамасола дар ҷаҳон тақрибан 570 миллион тонна ғизо аз сабаби одатҳои маишӣ партофта мешаванд. Ҳар яки мо ҳар сол ба ҳисоби миёна тақрибан 74 кг ғизоро мепартоем.

Бо вуҷуди маъракаҳои иттилоотӣ ва маърифатӣ, ки маҳз ба ҳамин масъала ва ҳалли он бахшида шудаанд, ҳаҷми маҳсулоти мепартофтаи хоҷагидорон чун пештара баланд мебошад.

Барои васеъ намудани имконияти истеъмолкунандагон ФАО дастури амалӣ таҳия намудааст, ки дорои маслиҳатҳо ва тавсияҳои сода оид ба пешгирии партовҳои ғизоӣ мебошад.

Агар ҳар нафар каме саъю кӯшиш ба харҷ диҳад, пас мо дар якҷоягӣ метавонем ба коҳиши партовҳои ғизоӣ таъсири калон расонем.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АЗЕРТАҶ

Август 13, 2023 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд