БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Роштқалъа бунёду навсозии 205 иншооти иқтисодиву иҷтимоӣ дар назар аст
ДУШАНБЕ, 20.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бунёду навсозии 205 иншооти иқтисодиву иҷтимоӣ ба маблағи умумии қариб як миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 50 иншоот ба истифода супорида шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъа хабар доданд.
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳия 175 иншооти таъйиноти гуногун бунёд гардида буд.
Тазаккур дода шуд, ки ба истифода додани иншооти мазкур сабаби боз ҳам ободу зебо гардидани ноҳия, ҳалли бисёр мушкилоти иҷтимоии аҳолӣ ва болоравии сатҳу сифати зиндагии мардум мегардад.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 август зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Роштқалъа иброз доштанд, ба шарофати истиқлоли давлатӣ тамоми гӯшаю канори мамлакат рӯз то рӯз ободу пешрафта гардидааст.
«Дарвоқеъ, ҳоло тамоми Ватани маҳбубамон ба саҳнаи бузурги созандагӣ табдил ёфта, мардуми бонангу номуси мамлакат, соҳибкорону тоҷирон ва дигар шахсони саховатпеша ба хотири ободу зебо гардонидани зодгоҳи худ ва дар маҷмуъ, Ватани аҷдодиамон – Тоҷикистон саъю талош намуда истодаанд, ки ноҳияи Роштқалъа низ аз ин раванд истисно нест», -изҳор доштанд Сарвари давлат.
АКС аз манбаъҳои боз








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Конибодом иншооти соҳаи маорифу корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд карда мешавад
Дар ноҳияи Фирдавсӣ таҳти унвони «Шукуҳи Истиқлол» иқдоми таблиғотӣ идома дорад
Имрӯз дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги шаҳри Бохтар, ноҳияҳои Ховалинг, Лахш ва Сангвор баргузор мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бохтар беш аз 260 иншооти ҷашнӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Спитамен зиёда 10 километр роҳҳои дохили маҳаллаҳо мумфарш гардид
Олимпиадаи даставӣ барои дарёфти «Ҷоми Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» доир мегардад
Барои омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб хобгоҳи 10-ошёна сохта мешавад
35 БАҲОРИ ИСТИҚЛОЛИ ВАТАН. Тафаккуру андеша ва пиндошту тасаввури миллии мо аз Истиқлолияти Тоҷикистон сарчашма мегирад
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи нави истеҳсоли обҳои ташнагишикан бунёд карда мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги шаҳри Бохтар, ноҳияҳои Ховалинг, Лахш, Сангвор, Рашт, Балҷувон ва Дарвоз баргузор мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Некноти шаҳри Панҷакент бинои нави муассисаи таълимӣ сохта мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Шаҳринав 297 иншооти гуногун ба истифода дода шуд






