Дар Лаҳистон бар асари хуруҷи «бемории легионерҳо» 14 нафар фавтид
ДУШАНБЕ, 31.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Жешувеи ҷанубу шарқи Лаҳистон 14 нафар фавтида, зиёда аз 150 нафар аз сабаби хуруҷи сирояти бактериявӣ, ки бо номи «бемории легионерҳо» маъруф аст, ба беморхонаҳо интиқол ёфтанд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус АБИ «Казинформ» бо истинод ба BBC хабар додаст.
Аз 105 намунаи обе, ки то ҳол барои санҷиш гирифта шудааст, дар 18 намунаи аввал бактерияҳои хатарнокро пайдо намуданд.
Тибқи иттилои намояндагони мақомоти тандурустӣ, бактерияе, ки ин бемориро ба вуҷуд меорад, дар 113 беморе, ки дар шаҳри Жешув ва атрофи он бистарӣ гардидаанд, пайдо шудааст. Ҳафт нафари аз 64 то 95-солаи фавтида дигар намуди беморӣ низ доштаанд.
«Бемории легионерҳо» (инчунин бо номи легионеллез, илтиҳоби шуши питтсбург ё зукоми қалъачаи Брэгг маъруф мебошад), гузаранда нест. Ин беморӣ илтиҳоби шушро ба вуҷуд оварда, метавонад ба пневмонияи шадид оварда расонад.
Давраи инкубатсионии он аз ду то 10 рӯзро дар бар мегирад. Беморӣ аввал мисли зукоми одӣ намоён шуда, сипас беморон хастагии умумии бадан, таби баланд (то 39,5 дараҷа ё ҳатто баландтар), дарди сару мушакҳо ва сулфаи хушкро эҳсос менамоянд.
Бо авҷ ёфтани беморӣ дарди қафаси сина, тангшавии нафас, дарди шикам, дарунравӣ, қайкунӣ ва таваҳҳум метавонанд пайдо шаванд.
Азиза ИКРОМӢ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд






