Дар ноҳияи Шаҳринав доир ба пешгирӣ ва муқовимат бар зидди терроризму экстремизм вохӯрӣ доир шуд

Август 20, 2023 15:56

ДУШАНБЕ, 20.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти ба номи Акрам Ҳасанови ноҳияи Шаҳринав дар мавзуи «Пешгирӣ ва муқовимат бар зидди терроризму экстремизм» бо сокинон  мулоқоти судманд доир шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав хабар медиҳад.

Дар вохӯрӣ роҳбарияти ноҳия, кормандони ҷамоат, мутахассисони бахши кор бо дин ва расму оинҳои миллӣ, имомхатибон, собиқадорон иштирок намуданд. Таъкид гардид, ки омилҳое, ки ба амнияти миллии мамлакат халал ворид менамоянд, терроризму экстремизм мебошанд. Ва ин зуҳуроти номатлуби террористӣ аз давраи аввали соҳибихтиёрӣ то ба имрӯз ба мушоҳида мерасад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба якчанд санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ алайҳи мубориза бар зидди терроризм шомил гардида, чандин қонун ва стратегияҳои давлатиро қабул намуда, мавриди амал қарор додааст.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ ва тамоми сокинони сайёра аз таҳдиди хатари терроризму экстремизм ба амният, оромӣ ва суботи ҷомеа, бехатарии давлат ва ҳаёти шаҳрвандони он бохабар буда, онро ҳамчун хатари глобалӣ маҳкум менамоянд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав

Август 20, 2023 15:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар мавзуи «Худогоҳию худшиносии миллӣ – василаи мубориза бо таассуб ва хурофот» бо сокинони шаҳри Исфара вохӯрӣ доир шуд
Кормандони Суди конститутсионии Тоҷикистон бо аҳли ҷамоати шаҳри Турсунзода вохӯрӣ намуданд
Дар шаҳри Турсунзода оид ба шарҳи роҳҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм вохӯрӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Дар Палатаи ҳисоб оид ба экстремизму терроризм ва роҳҳои пешгирии он машғулияти омӯзишӣ баргузор шуд
Мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии Тоҷикистон муайян гардидааст
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ИФРОТГАРОӢ – ХУДСӮЗӢ ВА ХИЁНАТ БА ДАВЛАТ АСТ!
Мубориза бар зидди терроризму экстремизм дар меҳвари Паёми Президенти Тоҷикистон қарор дорад
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати мамлакат оид ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва терроризм баррасӣ карда шуд