Дар вохӯрии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе маҷмуи масъалаҳои муҳими дурнамои ҳамкорӣ баррасӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 30.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар вохӯрии панҷуми ҷашнии машваратии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки 15 сентябр дар Душанбе баргузор мегардад, маҷмуи масъалаҳои муҳими марбут ба дурнамои таҳкими ҳамкории судманди гуногунсоҳа байни давлатҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ гардида, дар анҷоми нишаст санадҳои ҳамкорӣ ба имзо мерасанд. Дар ин хусус имрӯз дар брифинги матбуотӣ ба доираи васеи хабарнигорони дохилию хориҷӣ муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ иттилоъ дод.
Мавсуф афзуд, ки дар ҳошияи ин ду чорабинии сатҳи баланд –вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар Душанбе бо иштироки ҳайатҳо ва намояндагони давлатҳои Осиёи Марказӣ чорабиниҳои гуногуни канорӣ, аз қабили Форуми иқтисодии давлатҳои Осиёи Марказӣ «Иқтисоди рақамӣ. Савдои рақамӣ ва инноватсия», Форуми дуюми ректорони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ҷаласаи нахустини вазирони нақлиёти давлатҳои Осиёи Марказӣ, Муколамаи занони Осиёи Марказӣ- «Ноил шудан ба баробарии гендерӣ дар заминаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ», Форуми олимони Осиёи Марказӣ, Форуми роҳбарони мақомоти ваколатдори кор бо ҷавонони Осиёи Марказӣ, Форуми волонтёрони Осиёи Марказӣ, Форуми ташкилоти ҷамъиятии кор бо ҷавонони Осиёи Марказӣ, Форуми соҳибкорони ҷавони Осиёи Марказӣ баргузор мегардад.
Инчунин дар доираи ин чорабиниҳо Намоиш- фестивали бозиҳои миллии варзишӣ ва дастовардҳои варзишгарон ва Намоишгоҳи «Таомҳои миллӣ» ташкил мешавад.
Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал омодагии ҷиддӣ дида, Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ва баргузории ин ду чорабинии муҳим таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат таъсис дода шудааст.
Гуфта шуд, ки ҷиҳати инъикоси ҷараёни баргузории вохӯрии панҷуми ҷашнии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал беш аз сад хабарнигор аз сӯи Департаменти иттилотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон сабти ном гардидаанд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»











Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятии назди Сафорати Тоҷикистон дар Русия баргузор гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Сарвазири Тоҷикистон бо муовини Вазири корҳои хориҷии Салтанати Умон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Туркманистон бо директори Дафтари лоиҳавии Маркази минтақавии экологӣ барои Осиёи Марказӣ мулоқот намуд
Дар Теҳрон таҳти унвони «Робиаи Балхӣ: чеҳраи дурахшони назми аҳди Сомониён» ҳамоиши илмӣ доир гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҳафтаи ҷаҳонии оби Стокголм иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо ноиби Президенти Корпоратсияи байналмилалии молиявии рушди Амрико мулоқот намуд
Дар Қоҳира бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон конфронс баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини Директори генералии Вазорати федералии иқтисод ва энергетикаи Олмон мулоқот намуд
Дар Москва дар мавзуи саҳми Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули соҳаи тиб конфронси байналмилалии илмӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт таҳкими ҳамкориро дар арсаи рушд баррасӣ намуданд
Дар Душанбе таҳти унвони «Тоҷикистон ва 35 соли соҳибистиқлолӣ: таҷрибаи сулҳофарӣ, сиёсати бисёрсамта ва рушди устувор» конфронси байналмилалӣ баргузор шуд






