Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон аъзои Ассотсиатсияи донишгоҳҳои АвруОсиё гардид

Август 14, 2023 09:49

ДУШАНБЕ, 14.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. 2 март дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия Шурои XV Ассотсиатсияи донишгоҳҳои АвруОсиё баргузор гардид, ки дар он Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба  Ассотсиатсияи донишгоҳҳои АвруОсиё пазируфта  шуд. Ин нуктаро Ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар Хуҷанд Муъмин Шарифзода зимни баргузории нишасти матбуотӣ баён намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи Донишгоҳ хабар медиҳад.

Мавсуф иброз дошт, ки ҳадафи Шурои Ассотсиатсияи донишгоҳҳои АвруОсиё- ин ташкили майдони гуфтугӯи байналмилалӣ барои муҳокима ва табодули таҷрибаи пешқадам дар самти инкишофи ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои мустақил, дарёфт намудани ҳамкорон мувофиқи самтҳои фаъолият, инчунин баланд бардоштани сифат ва ташаккули фаъолияти касбӣ, ки ба рушди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мусоидат менамояд, мебошад.

Бояд гуфт, ки зимнан дар шумори донишгоҳҳои миллӣ ва омӯзгории шаҳри Душанбе ин сеюмин донишгоҳи Тоҷикистон аст, ки ба узвияти Ассотсиатсияи донишгоҳҳои АвруОсиё пазируфта шудааст.

Ҳамзамон дар нишаст гуфта шуд, ки донишгоҳи мазкур  бо донишгоҳи федералии Сибир, Донишгоҳи давлатии педагогии Нижний Новгород ба номи Минин, Донишгоҳи техника ва радиоэлектроникаи Беларус ва якчанд донишгоҳҳои Қазоқистон ва Узбекистон шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонид.

Ректори донишгоҳ илова намуд, ки соли равон ба ташкили Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон 30 сол пур мешавад ва зарур аст, ки аз саҳифаҳои таърихии донишгоҳ ёдовар шавам.

Бахусус, соли 2008 бо ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфтани корҳои сохтмонӣ, соли 2011 дар вазъияти тантанавӣ ба истифода супоридани бинои нави таълимӣ, дар раванди корҳои созандагӣ ва таҷлили ҷашни бошукуҳи 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода додани бинои Маркази таҳсилоти рақамии донишгоҳ бо тамоми шароити муосир ба мустаҳкам гардидани заминаҳои моддиву техникии донишгоҳ мусоидат намуд.

Ҳамзамон маротибаи нахуст байни муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат соҳиби шаҳодатномаи аккредитатсияи байналмилалӣ гардидани ихтисосҳои донишгоҳ, таъсиси марказҳои омӯзиши Аврупо ва забонҳо, маркази тестӣ, озмоишгоҳи инноватсионӣ, Парки технологӣ, таъсис ёфтани Шурои диссертатсионӣ дар назди донишгоҳ, ба фаъолият шуруъ намудани факултети муштараки Донишкадаи молияи Тошканд ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, ба истифода додани Маҷмааи варзишӣ, шомил шудани донишгоҳ ба узвияти донишгоҳҳои Созмони ҳамкории Шанхай, Лигаи донишгоҳии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ аз дастовардҳои назарраси солҳои охир маҳсуб мешаванд.

АКС: Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Август 14, 2023 09:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар “Боғи Ирам” Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргузор шуд
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид