МАРОТИБАИ АВВАЛ. Ҷарроҳии стентмонии даруннигарии узвҳои ҳозима дар мавриди саратони сурхрӯда бо оризаи тангшавии он гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 11.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 маротибаи аввал аз ҷониби устоди Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ ҷарроҳии стентмонии даруннигарии узвҳои ҳозима дар мавриди саратони сурхрӯда бо оризаи тангшавии он гузаронида шуд, иттилоъ дод Ректори донишкадаи мазкур Зарина Ибодзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ.
Инчунин усули ташхис ва амалиёти даруннигарии ретроградии холесисто-панкреатографӣ ҳангоми бемориҳои санги роҳҳои талхагузар ва тангшавии он низ аз ҷониби устодони донишкада бо муваффақият гузаронида шуд.
Дар идомаи нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра аз тарафи омӯзгорони донишкада 3 намуди иловаҳои фаъоли биологӣ коркард шуд. Аз ҷумла, малҳами Маклюфер (шираи камол ва маклюфер), қиёми Псоралея (баои касалиҳои пӯст) аз растаниҳои табиати мамлакат коркард шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон 34 нафар донишҷӯёни хориҷӣ таҳсил мекунанд, ки нисбат ба соли гузашта 23 нафар зиёд аст.
Барои таҷрибаомӯзӣ ва дарсҳои амалии донишҷӯён дар назди Донишкада Маркази клиникӣ, илмӣ, таълимӣ фаъолият менамояд, ки дар он шуъбаҳои эндоҷарроҳӣ ва эндоурологӣ, трепеватӣ, кардиологӣ, стоматологӣ, гинекологӣ, дармонгоҳӣ ва дигар шуъбаҳо амал намуда истодаанд ва дар заминаи онҳо корҳои табобатӣ гузаронида мешаванд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба саҳми матбуот дар рушди давлатдории миллӣ ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ доир шуд
Доир ба шароити нигоҳдории солимии психологӣ дар муҳити муассисаҳои таълимӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ашъори Робиаи Балхиро бо 9 забони хориҷӣ қироат карданд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва неруи бузурги маънавии ҷомеа мебошад
МОДАР — ЧАРОҒИ РОҲНАМОИ ФАРЗАНД. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Дастовардҳои соҳаи мошинсозӣ ва технологияҳои истеҳсолӣ дар конференсияи байналмилалӣ баррасӣ гардиданд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Рӯзи Модарро таҷлил намуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
Ҷомеае, ки занони босавод, фаъол ва худшинос дорад, метавонад ба сӯи ояндаи равшан ва ободу осуда қадам гузорад






