НЕРУГОҲИ «РОҒУН»-СОХТМОНИ АСР ВА РОҲ БА СӮИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА. Барқи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тозаи неругоҳ Тоҷикистонро аз бунбасти энергетикӣ раҳо менамояд
ДУШАНБЕ, 19.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Миллати тоҷик фахри абадию якумра аз он дорад, ки чун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти нотакрор, Роҳбари хирадманд, ташаббусофари сатҳи ҷаҳонӣ, тарроҳи ҳадафҳои бузурги стратегӣ, ислоҳотчӣ, сиётамадори оқилу хирадманд, маорифпарвар ва наҷотбахши миллату Ватан сарвар дорад. Сохтмони иншооти истеҳсолӣ, хизмати маишӣ, таълимӣ, фарҳангӣ ва истиқоматӣ сабаби он гаштааст, ки Тоҷикистон ба яке аз давлатҳои шинохтарини дунё мубаддал гардад. Маҳз саъю талошҳои мақсадноки Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки мамлакат дар арсаи байналмилалӣ чун яке аз давлатҳои татбиқкунандаи иқтисодиёти «сабз» шинохта ва аз лиҳози истифодаи манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия дар қатори шаш мамлакати пешсафи сайёра қарор гирад, зеро 98 фоизи барқ таввасути неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад. Ин нуктаро дар мақолааш муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев Баҳромҷон Аҳмадзода дарҷ намудааст, ки пешкаши хонандагони АМИТ «Ховар» мегардонем.
-Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки танҳо дар натиҷаи сохта, ба истифода додани сисиланеругоҳҳои миёнаву азими барқи обӣ дар дарёи Вахш иқтидори истеҳсолии неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва ба соҳаҳои мухталиф манфиатовар ба 9195 МВт баробар ба 9 миллиону 195 ҳазор кВт мерасад. Мавриди таъкид аст, ки қариб 40 фоизи истеҳсоли неруи барқ ба сохтмони азими аср- Неругоҳи барқи обии «Роғун» мансуб мебошад. Бо ифтихори самимӣ бояд гуфт, ки маҳз бо истодагарию талошҳои ҳамешагӣ, устувору пойдор будан ба ниятҳои нек, хайрхоҳу сулҳдӯстӣ ва миллатдӯстдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони ин иншооти ҳаётан муҳим бо суръати бемайлон идома ёфта истодааст. Сарвари давлат тавонистанд муҳимияти сохтмонро бо тамоми сиёсатмадорони хориҷи дуру наздик, хусусан ҷумҳуриҳои минтақаи поёноб илман асоснок намуда, институтҳои лоиҳасози бонуфузи ҷаҳониро қонеъ гардонанд, ки сохтмони НБО «Роғун» манфиатбахши на танҳо мардуми Тоҷикистон аст, балки барои соҳаҳои мухталифи ҷумҳуриҳои ҳамсоя низ самараи нек дорад.
Мусаллам аст, ки сохтмони неругоҳи мазкур метавонад истифодаи захираҳои обӣ-энергетикии мамлакатро хеле боло бурда, муҳлати хизматии неругоҳи асосии тавлидкунандаи қувваи барқ дар ҷумҳурӣ – НБО “Норак”-ро зиёд намояд. Обанбори НБО “Роғун” имконият фароҳам меоварад, ки ба НБО “Норак” оби тоза ворид гардад. Яке аз ҷузъҳои асосии маҷмааи неругоҳҳои бузурги наздисаддӣ, ки НБО “Роғун” аз ҷумлаи онҳо аст, обанбор ба ҳисоб меравад. Обанбори неругоҳ якҷоя бо садд ба ғайр аз ба амал овардани тазъиқ дар гидроагрегатҳо барои истеҳсоли қувваи барқ вазифаи асосии дигар – танзими бисёрсолаи ҷараёни оби дарёро низ иҷро менамояд. Дар обанбори неругоҳи мазкур 13,3 мукааб километр об захира мегардад, ки аз ин миқдор 10,3 мукааб километр бевосита барои истеҳсоли қувваи барқ ва заруратҳои дигар истифода шуда, манфиатнок ба ҳисоб меравад.
Муайян шудааст, ки захираи потенсиалии обӣ-энергетикии Тоҷикистон ба 728 миллиард киловатт-соат баробар аст. Аммомо ҳоло аз миқдори аз ҷиҳати техникию иқтисодӣ имконпазири обӣ-энергетикии мамлакат ҳамагӣ камтар аз 5 фоизро истифода бурда истодаему халос. Илова бар ин бо рушдёбии тамоми қишрҳои ҷомеа ва соҳаҳои мухталиф ва ба истифода додани корхонаҳои бузурги саноатию истеҳсолӣ, ки тайи солҳои охир афзун гашта истодааст, талабот ба неруи барқ зиёд мешавад.
Бо мақсади баланд бардоштани ин нишондиҳанда солҳои охир гидроагрегатҳои амалкунандаи иқтидорҳои мавҷуди обӣ-энергетикии мамлкат таҷдид шуда, ба бунёди неругоҳҳои хурд ва миёна эътибори зиёд дода шуда, маблағгузорӣ ба ин соҳаи муҳиму тақдирсоз афзоиш ёфта истодааст. Дар ин давра неругоҳҳои «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2» ва даҳҳо неругоҳҳои дигар сохта шуданд. Агрегатҳои якум ва дуюми НБО «Роғун» мувофиқан 16 ноябри соли 2018 ва 9 сентябри соли 2019 ба истифода дода шуданд, ки то ин вақт 6,4 миллиард киловатт-соат неруи барқ ба маблағи беш аз 1,5 миллиард сомонӣ истеҳсол намудаанд. Ҳамзамон таҷдиди неругоҳҳои барқи обии «Сарбанд» бо тавоноии 270 мегаватт ба амал бароварда шуда, таҷдиди неругоҳҳои барқи обии «Норак», «Қайроққум», Неругоҳи барқи обии «Себзор» дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва неругоҳҳои бодиву офтобӣ дар ноҳияи Мурғоб раванди босуботро соҳиб мебошанд.
Ба истифода додани сисиланеругоҳҳои обӣ ва бунёди НБО “Роғун” ҳам барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам барои давлатҳои минтақа манфиати бисёр меоварад. Обанбори НБО “Роғун” иқлими маҳаллӣ ва ҳатто минтақаро муътадил намуда, обҳои дар натиҷаи шиддатёбии обшавии пиряхҳо пайдошударо дар худ нигоҳ дошта, садди роҳи пайдошавии селу обхезиҳо ва пайомадҳои харобиовари онҳо гардида, ҳолати экологии минтақаро беҳтар менамояд. Барқи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ мусоиди неругоҳ на фақат Тоҷикистонро аз бунбасти энергетикӣ раҳо намуда, истиқлолияти комили энергетикӣ фароҳам оварда, аз давлати воридкунанда ба давлати содиркунандаи қуввваи барқ табдил медиҳад ва рушди устувори иқтисодиёти давлатро таъмин менамояд, балки инчунин метавонад ҳамсоякишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҷанубиро бо барқи арзону аълосифат ва аз ҷиҳати экологӣ манфиатнок таъмин намояд. Иқтидори истеҳсолии қувваи барқ дар неругоҳи мазкур имконият фароҳам меоварад, ки ба ҷараёни итеҳсолот дар кишварҳои минтақа низ суръати баланд бахшида, иқтисодиёти онҳоро устувор намояд ва дар ҳамаи соҳаҳо ҷойҳои нави корӣ пайдо шаванд. Ҳамзамон сайёҳӣ, ки яке аз соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти мамлакат ба ҳисоб меравад, рушд ёбад.
Азхуднамоии захираҳои гидроэнергетикӣ ва бунёди НБО “Роғун” истиқлолияти комили энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин намуда, масъалаи расидан ба чор ҳадафи асосиро наздик месозад, Тоҷикистонро аз ҷумҳурии кишоварзӣ-саноатӣ ба саноатию кишоварзӣ табдил дода, аз давлати воридкунандаи барқ ба давлати содиркунанда табдил медиҳад, муҳлати хизмати дигар неругоҳҳоро зиёд менамояд, ба беҳтар намудани шароити иҷтимоӣ-иқтисодии мардум мусоидат намуда, дар паст намудани сатҳи камбизоатии сокинон нақши калидӣ мебозад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки НБО “Роғун” ҳаёти имрӯзу фардо, мояи ифтихори баланд барои ҳар сокини Тоҷикистон, сарчашмаи илҳом ва эҳсоси ватандӯстии мардуми шарифи тоҷик хоҳад буд. Зери ин ибораҳои заррин тамоми ҳастию пойдории Ватан, рушду тарраққиёт, инъикоси миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ, кордонию корнамоии муосири халқамон, таҳкими сулҳу субот, созандагиву бунёдкорӣ, ташббусофарӣ, илҳоми муҳташам ва ҳарчӣ зудтар ноил гаштан ба зиндагии шоиста фаҳмида мешавад.
НБО “Роғун” бо тамоми хусусиятҳои техникию технологӣ ва самарабахшиаш муҳаррики асосии роҳ ба сӯи зиндагии шоиста маҳсуб мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»