НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Агентии назорат дар соҳаи маориф 493 муассисаи таълимиро аз санҷиши сифати таҳсил гузаронид

Август 8, 2023 15:10

ДУШАНБЕ, 08.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи аввали соли 2023 Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муайян намудани сифати дониш ва сатҳи донишазхудкунии хонандагону донишҷӯён дар 493 муассисаи таълимӣ санҷиши сифати таҳсил гузаронид. Дар ин хусус директори агентӣ Маҳмадтоир Саидзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ба гуфтаи директори агентӣ, аз натиҷаи аттестатсияи муассисаҳои таълимӣ ва санҷишҳои сатҳи сифати таҳсил бармеояд, ки нисбат ба солҳои қаблӣ дар самти таъмини асосҳои меъёрии ҳуқуқӣ, мустаҳкам намудани заминаи моддию техникӣ, таъминот бо кадрҳои омӯзгорӣ ва адабиёти таълимӣ сифати таҳсил ва сатҳи донишазхудкунии хонандагону донишҷӯён нишондиҳандаҳои мусбат ба мушоҳида мерасанд.

Гузаронидани аттестатсия, аккредитатсияи давлатӣ ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати пешбурди фаъолияти таълимӣ, дар баробари ин муайян намудани мақоми муассисаи таълимӣ, ошкор сохтани камбудиҳо ва нишон додани роҳҳои ҳалли онҳо яке аз вазифаҳои муҳиму асосии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм маҳсуб мешавад.

Тазаккур дода шуд, ки дар ин давра масъулини раёсату шуъбаҳои Агентӣ 575 аттестатсияи давлатӣ, 268 аккредитатсияи давлатӣ, 2 азнавбарасмиятдарорӣ  ва 41 иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимиро ба анҷом расониданд.

«Дар натиҷа 68 муассисаи таълимӣ  ба муҳлати 2 сол шартан аз аттестатсия гузаронида шуда, амали иҷозатномаи 4 муассиса дар асоси қарори ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентӣ боздошт ва қатъ шуд», -иброз дошт директори агентӣ.

Ба гуфтаи Маҳмадтоир Саидзода, натиҷаи санҷиш нишон медиҳад, ки ҳоло ҳам дар баъзе муассисаҳои таълимӣ  дар баробари муваффақияту дастовард якчанд камбудиҳо, аз қабили мустаҳкам набудани заминаи моддию техникӣ, таъмин набудани муассисаҳои таълимашон бо забонҳои русӣ ва англисӣ бо барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ ҷой доранд, ки агентӣ баҳри аз байн бурдани ин норасоиҳо тадбирҳои мушаххас меандешад.

 Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ
«Ховар»

 АКС: АМИТ «Ховар»

 

Август 8, 2023 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ваҳдати миллӣ шарти асосии ҳифз, таҳким ва пойдории истиқлолият гардид
Аз 1 июл даври асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои миёна ва олии касбӣ оғоз мегардад
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПЕШВОИ ВАҲДАТОФАР! Ба қадри неъмати бебаҳо – Ваҳдати миллӣ бирасем
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори 150 кВт ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба нақши Ваҳдати миллӣ дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҷаллаи нави илмии байналмилалӣ «Дипломатияи тоҷик» таъсис ёфт
Ҷаласаи даҳуми вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Дар шаҳри Душанбе масъалаи воридсозии зеҳни сунъӣ ба таҳсилоти умумӣ баррасӣ шуд
ХОНАНДАИ СОЛ. Мадина Саидализода ғолиби даври ҷумҳуриявии озмун гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Машварати байналмилалии «Забони чинӣ + малакаҳои касбӣ» иштирок намуданд
Дар ноҳияи Муъминобод фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бештар мегардад
Дар Вазорати маориф ва илм бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши илмӣ-назариявӣ доир гардид