НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар корхонаҳои истеҳсолию хизматрасонӣ намояндагиҳои Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таъсис ёфтаанд

Август 4, 2023 16:08

ДУШАНБЕ, 04.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади татбиқи таълими дуалӣ ва таъмини ҳамбастагии илм бо истеҳсолот кафедраҳои Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон  дар корхонаву муассисаҳои истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ  филиалҳо ва намояндагиҳои худро таъсис додаанд. Дар ин хусус ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони расонаҳои хабарӣ иттилоъ дод.

 Мавсуф афзуд, ки дар ин самт минбаъд низ корҳо амалӣ  мешаванд.

Таъкид шуд, ки соли  равон бо мақсади татбиқи амалии  сиёсати иҷтимоии мамлакат бо ибтикори раёсати донишгоҳ бори аввал Намоишгоҳ-ярмаркаи ҷойҳои кории холии корхонаву муассисаҳо бо иштироки беш аз 60 корхонаву ташкилоти истеҳсоливу хизматрасонии мамлакат бо пешниҳоди беш аз 300 ҷойи кори холӣ доир шуд.

                                                                   Марзия САИДЗОДА,
АМИТ
«Ховар»

                                                                 АКС: АМИТ «Ховар»

Август 4, 2023 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Ваҳдати миллӣ шарти асосии ҳифз, таҳким ва пойдории истиқлолият гардид
Аз 1 июл даври асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои миёна ва олии касбӣ оғоз мегардад
Дастовардҳои Тоҷикистон дар рушди сайёҳии экологӣ дар Боку муаррифӣ гардид
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПЕШВОИ ВАҲДАТОФАР! Ба қадри неъмати бебаҳо – Ваҳдати миллӣ бирасем
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори 150 кВт ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба нақши Ваҳдати миллӣ дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҷаллаи нави илмии байналмилалӣ «Дипломатияи тоҷик» таъсис ёфт
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг Деҳкадаи сайёҳиро ифтитоҳ намуданд
Ҷаласаи даҳуми вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Дар шаҳри Душанбе масъалаи воридсозии зеҳни сунъӣ ба таҳсилоти умумӣ баррасӣ шуд
Бо мақсади муаррифии бештари имконияти сайёҳии шаҳри Душанбе лоиҳаи инноватсионии «QR-роҳнамо» таҳия гардид
Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид